Рубрики Хабарҳо

Вазири хориҷаи Эрон аз ҳамкориҳои васеътар бо Маскав хабар дод

Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон аз гоми ниҳоии созишномаи роҳбурдӣ миёни Маскав ва Теҳрон хабар дод. Лавров ибрози умедворӣ кард, ки таниш миёни Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳалу фасл шавад. Эрон, Русия, Туркия ва Сурия ба зудӣ нишасти чаҳорҷониба баргузор мекунанд. 

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ дар конфронси матбуотии муштарак бо ҳамтои худ дар Маскав, аз баррасии “тавофуқот барои имзои ҳамкориҳои роҳбурдӣ ва баландмуддат байни ду кишвар” хабар дод. 

Хабаргузории “Форс” ба нақл аз ӯ дар ин бора навишт ду кишвар дар марҳалаи поёнии ин раванд ҳастанд. Вазири хориҷаи Эрон ибрози умедворӣ кард, ки Лавров дар ояндаи наздик барои имзои ин тавофуқнома ба Теҳрон сафар кунад. Абдуллоҳиён ба ҷузъиёти ин ҳамкориҳо ишорае накард, аммо гуфт, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрону Русия дар якуним соли гузашта ба беш аз сеюним баробар афзоиш пайдо кардааст. 

Эрон ба вижа дар солҳои ахир беш аз пеш аз назари низомӣ ва амниятӣ ба Русия наздик шуда ва  гуфтаи кишварҳои Ғарб, дар ҷанги Укроин аз Русия ҳимояти низомӣ мекунад. Ин мавзӯе аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора такзиб кардааст. Амир Абдуллоҳиён дар конфронси матбуотӣ дар Маскав гуфт ҳимояти низомии Ғарб аз Укроин авзоъро “печида” кардааст. 

Нишасти чаҳорҷониба Эрон, Русия, Сурия ва Туркия 

Амир Абдуллоҳиён ҳамчунин аз нишасти чаҳорҷониба бо мақомҳои Туркия ва Сурия дар сатҳи муовинони вузарои хориҷаи чаҳор кишвар дар Маскав хабар дод ва ҳадафро ройзанӣ дар бораи муносиботи Туркия ва Сурия унвон кард. Ба гуфтаи ӯ Теҳрон ва Маскав талош мекунанд ба беҳбуди муносибот миёни Анқара ва Димишқ кумак кунанд. 

Соли гузашта мақомҳои Сурия ва Туркия бо миёнҷигарии Русия нишастҳоеро бо ҳадафи одисозии равобит баргузор карданд. Дар декабри гузашта низ вузарои хориҷаи ду кишвар дар Русия бо якдигар гуфтугӯ карданд. Пеш аз ин Башор Асад, раисҷумҳури Сурия эҳтимоли ҳар гуна дидор бо Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркияро модом, ки ин кишвар ҳозир набошад низомиёни худ аз шимоли Сурия хориҷ кунад, рад карда буд. 

Таниш миёни Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва муносибот бо Арабистон 

Сергей Лавров дар дидор бо Амир Абдуллоҳиён ибрози умедворӣ карда, ки Теҳрон ва Боку “ихтилоф”-и миёни худро ба зудӣ ҳалу фасл кунанд. Равобити ду кишвар пас аз як таҳоҷуми мусаллаҳона ба сафорати Боку дар Теҳрон дар соли гузашта дучори таниш шуд ва давлати Озарбойҷон сафорати худро дар Эрон таътил кард. Аз назари Ҷумҳурии Озарбойҷон ин ҳамлаи “терористӣ ва созмондеҳишуда” буд. Чизе, ки Эрон онро рад кард. Наздикии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Исроил аз масоиле аст, ки боиси таниш дар муносибот миёни Теҳрону Боку шудааст. 

Террори намояндаи мунтақиди Эрон дар Собунчӣ 

Ин таниш дар ҳоле миёни ду кишвар идома дорад, ки хабаргузории расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон (ОПО) гузориш дод як намояндаи Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба номи Фозил Мустафо шаби сешанбе ҳаштуми фарвардин дар муқобили манзили шахсии худ дар шаҳри Собунчӣ ҳадафи ду гулӯла қарор гирифт. 

Ба гуфтаи ОПО, додситони Боку дар ҳоли таҳқиқ дар бораи иллат ва авомили террори ин намояндааст ва аз расонаҳо хоста то ҳадсу гумони ғайрмустанд марбут ба ин ҳодисаро мунташир накунанд. Аммо бархе аз расонаҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ишораҳое ба мавозеъи зидди эронии ин намояндаи Маҷлис кардаанд. 

Амир Абдуллоҳиён дар нишасти матбуотии худ гуфт, ки бо ҳамтои руси худ “тамаркуз вижае” рӯйи таниш миёни Арманистону Озарбойҷон дошта ва ду кишвар бар ин боваранд, ки тадовуми буҳрон миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон ба нафъи ҳеҷ як аз тарафайн нест. Ба гуфтаи ӯ қарор аст вузарои хориҷаи Эрон ва Русия дар оянда дар нишасте дар Теҳрон барои “ҳалу фасли мусоламатомез” гуфтугӯ кунанд. 

Амир Абдуллоҳиён дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, ки ба зудӣ бо вазири хориҷаи Арабистон дидор мекунад ва “бархе тафовути дидгоҳҳо” монеъ дар баробари бозкушоии сафоратхонаҳо ва сарконсулгариҳо намешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *