Рубрики Хабарҳо

Низомиёни бознишастаи тоҷикистонӣ дигар аз Русия нафақа нахоҳанд гирифт

Раисҷумҳури Русия тайи як фармоне ду созишнома бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро лағв кард. 

Ба иттилои хабаргузории “Азия плюс”, Владимир Путин дар ин фармон Созишномаи тартиби таъмини нафақаи низомиёни кишварҳои ИДМ ва Созишномаи тартиби таъмини нафақаи нерӯҳои марзбонии кишварҳои ИДМ-ро лағв кард. 

Ин созишномаҳо ба манзури таъмини ҳифзи ҳаққи бознишастагии нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравии собиқ то қабули қонунҳои миллии нафақа дар кишварҳои ИДМ имзо шуда буд. Аммо пас аз 30 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар кулли кишварҳое, ки ин созишномаро тасвиб карда буданд, қонунҳои миллии марбути ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа тасвиб шуданд, ки бо ин ҳол, зарурати созишномаҳоро аз байн бурданд.

Ин созишномаҳо аз тарафи Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдов, Ӯзбакистон ва Украина имзо шуда буданд.

Аз ин ба баъд ҳар нафар аз низомиёни тоҷике, ки пас аз ба нафақа баромадан  ба Русия мекӯчад, аз Тоҷикистон ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт хоҳад кард. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *