10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ҷанги дохилии Судон: Беш аз 330 ҳазор овора ва 100 ҳазор паноҳанда

Созмони милал мегӯяд аз замони оғози ҷанги дохилӣ дар Судон, беш аз 330 ҳазор нафар дар дохили кишвар овора ва беш аз 100 ҳазор нафар ба кишварҳои ҳамсоя паноҳанда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба рағми оташбас даргириҳои мусаллаҳона ҳамчунон идома дорад. 

Бар асоси гузориши Созмони милали муттаҳид, даргириҳои шадид дар Судон аз миёнаи моҳи апрел садҳо ҳазор нафарро маҷбур ба фирор кардааст. 

Сухангӯи Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Женева гуфт, ки беш аз 330 ҳазор нафар дар дохили кишвар фирорӣ шудаанд. Ў афзуд шумори оворашудагон дар ду ҳафтаи гузашта “беш аз шумори тамоми ҷобаҷоиҳои марбут ба даргирӣ дар Судон дар соли 2022 буда аст”. 

Бар асоси баровардҳои комиссариати олии паноҳандагони Созмони милал (UNHCR), беш аз 100 ҳазор нафар аз замони оғози ҷанг ба кишварҳои ҳамсояи Судон паноҳ бурдаанд. Бисёре худро ба Чад, Судони ҷанубӣ ва Миср расондаанд. Дар миёни шащрвандони судонӣ паноҳандагоне аз кишварҳои дигар дида мешаванд, ки пеш аз ин ба Судон паноҳ бурда буданд. 

Комиссариати олии паноҳандагони Созмони милал барномаҳои худро бар ин асос танзим карда, ки дар сурати идомаи ҷанг, эҳтимоли фирори беш аз 800 ҳазор нафар аз ин кишвар вуҷуд дорад. 

Филиппу Гиронди, раиси Комиссариати олии паноҳандагон рӯзи душанбе аввали моҳи май дар Твиттер навишт: “умедворем чунин иттифоқе наафтад”. 

Тибқи гузориши дафтари ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони милали муттаҳид (OCHA), созмонҳои имдодӣ 1,5 миллиард доллар (ҳудуди 1,37 миллиард евро) барои муқобила бо буҳрони рӯ ба ташдиди инсонӣ ниёз доранд. 

Сухангӯи OCHA гуфт дар ҳоли ҳозир танҳо 14 дарсад барномаи кумакҳои имсол барои Судон таъмин шудааст. 

Идомаи даргирӣ ба рағми оташбас 

Бо вуҷуди оташбаси расмӣ, ки барои чандумин бор тамдид шуда, беш аз ду ҳафтааст, ки даргириҳои шадид дар Судон идома дорад. Ин муноқиша миёни воҳидҳои артиши ҳокими низомӣ Абдулфаттоҳ Ал-Бурҳон ва шабҳинизомиёни нерӯҳои зудамал ба раҳбарии муовини вай Муҳаммад Ҳамдон Даглу аст. Аксари ин шабҳинизомиён дар гузашта таҳти фармондеҳии Умар Ал-Башир, диктатори сарнагуншуда буданд ва дар муноқишаи Дорфу таҳти унвони шибҳинизомиёни “Ыонҷовид” дар канори давлати Судон меҷангиданд. 

Бар асоси оморҳои расмӣ, дар даргириҳои ду ҳафтаи ахир беш аз 500 нафар кушта ва ҳазорон нафар захмӣ шудаанд. Теъдоди воқеии қурбониён ба таври қатъ беш аз ин рақам аст. 

Кишварҳои ҷаҳон дар ин миён шаҳрвандони худро бо ҳавопаймо ё киштӣ ба кишвари амн мунтақил кардаанд. Дар сатҳи байналмилалӣ, нигарониҳо аз ин ки Судон ба сӯи як ҷанги дохилии пеш равад ва кулли минтақаро бесубот кунад, афзоиш ёфтааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *