Рубрики Хабарҳо

Таъкиди Амрико бар ҳимоят аз Исроил барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико таъкид кард, ки Иёлоти муттаҳида бо Исроил барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. 

Кевин Маккарти, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико, ки ба манзури анҷоми чанд дидори расмӣ дар Тел Авив ба сар мебарад дар маҷмаъи умумии Маҷлиси Исроил дар ҷамъи намояндагон суханронӣ карда ва изҳор дошт: Вашингтон бо Тел Авив барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. 

Вай бо таъкид бар ин ки Иёлоти муттаҳида муттаҳиди бузургтар аз Исроил надорад, гуфт: вақте Амрико ва Исроил ба якдигар наздик ҳастанд, ҷаҳон ҷойи “беҳтару амнтаре” аст. 

Маккарти иброз дошт “равобит байни Тел Авив ва Вашингтон бисёр наздик ва тазалзулнопазир аст. Ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад”. 

Дафтари матбуотии нахуствазири Исроил низ бо интишори баёнияе эълом кард: раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ва ҳайати ҳамроҳи вай дар ҳафтоду панҷумин солгарди таъсиси Исроил аз Маҷлиси намояндагони Исроил дидор карданд. 

Маккарти дар ин сафар дар Қудси ғарбӣ бо Исҳоқ Ҳартзуг, раисҷумҳур ва Бинямин Нитаняҳу, нахуствазири Исроил низ дидор кард. 

Нитаняҳу дар хусуси ин дидор изҳор дошт: Амрико дӯсти қобили эътимоди давлати Исроил аст, Маккарти мудофеъи аслии иттиҳоди Исроил ва Амрико аст ва фикр намекунам дӯсти беҳтаре аз ӯ дошта бошем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *