Categories Хабарҳо

Се пирӯзии муштзанҳои тоҷик дар дувумин рӯзи Қаҳрамонии ҷаҳон

Муштзанҳои тоҷик дар дувумин рӯзи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, ки дар Тошканд ҷараён дорад, се пирғзӣ ба даст оварданд. Дар вазни 86 кг Парвиз Каримов бо ҳисоби 5:0 боксии эронӣ Амин Маҷнунӣ ва дар вазни 63,5 кг Баҳодур Усмонов бо ҳамин ҳисоб муштзан аз Танзания Алекс Исенди Мишелро мағлуб карданд.

Ғайр аз ин, Некрӯз Салимов (75 кг) дар раунди аввал бар муштзан аз Ҷазираҳои Комор Мдахом Муҳамед бо нокаут дастболо шуд.

Боз як муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев (80 кг) бо қарори доварон (бо ҳисоби 1:4) аз муштзани озарбойҷонӣ Мурод Аллахвердиев шикаст хӯрд.

Имрӯз Абӯбакр Муродзода (60 кг) бо Дониёл Шоҳбахш ва Довуд Маҳкамов (71 кг) бо Максим Пилипек ба майдон мебароянд.

Маросими ифтитоҳи Чемпионати XXII ҷаҳон оид бокс байни мардон рӯзи 1 май дар “Ҳумо Арена”-и пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд доир гардид. Рақобатҳо шоми ҳамин рӯз оғоз гардида, то 14 май идома меёбанд.

Тоҷикистонро дар ин чемпионат 13 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд: Меҳрон Шафиев (до 48 кг), Меҳроб Ҳамидов (то 51 кг), Меҳроҷ Зоидов (то 54 кг), Асрор Воҳидов (то 57 кг), Абӯбакр Муродзода (то 60 кг), Баҳодур Усмонов (то 63,5 кг), Расул Аҳадов (то 67 кг), Довуд Маҳкамов (то 71 кг), Некрӯз Салимов (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев (то 80 кг), Парвиз Каримов (то 86 кг), Давлат Болтаев (то 92 кг),  Муҳаммад Аброриддинов (зиёда аз 92 кг).

Ғолиби ҳар кадоме аз вазнҳо 200 ҳазор доллар, зинаи дуюм — 100 ҳазор доллар ва дорандагони медалҳои биринҷӣ — 50 ҳазор долларӣ мукофотпулӣ мегиранд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *