Русия, Амрикоро ба додани дастури “ҳамлаи паҳподии Укроин” ба Кохи Кремл муттаҳам кард
Русия рӯзи панҷшанбе иддао кард, ки Амрико “дастури ҳамлаи паҳподӣ алайҳи Кремл”- ро ба Укроин додааст. Маскав пеш аз ин иддао карда буд, ки ҳадаф аз ин ҳамла қатли Владимир Путин, раисҷумҳури Русия будааст.
Дафтари раёсатҷумҳури Русия дар ҳоле Иёлоти муттаҳидаро ба судури дастури ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини укроинӣ ба Кремл муттаҳам карда, ки Владимир Зеленский рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳи шимоли Аврупо иддаои Маскав дар ин хусусро рад кард.
Маскав рӯзи чаҳоршанбе аз сарнагунӣ ва инҳидоми ду ҳавопаймое бидуни сарнишин бар фарози Кохи Кремл хабар дод ва Киев билофосила ҳар гуна дахолат дар ин ҳамлаи паҳподиро рад кард.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи панҷшанбе дар як канфронси хабарӣ гуфт: “талошҳое, ки ва Вашингтон барои инкори ҳар гуна масъулият (дар ҳамлаи паҳподӣ) мекунад, комилан хандаовар аст.”
Вай афзуд: “тасмимгирӣ дар мавриди чунин ҳамалоте бар ӯҳдаи Киев нест, балки дар Вашингтон гирифта мешавад. Киев фақат он чиро, ки аз ӯ мехоҳанд анҷом медиҳад.”
Сухангӯи дафтари раёсатҷумҳури Русия бо ишора ба ҳамлаи паҳподии рӯзи гузашта, ки русҳо онро ба Киев нисбат додаанд гуфт, ки Владимир Путин дирӯз, панҷшанбе дар цаламрави Кремл ҳузур дорад ва ба кори худ идома медиҳад.
Вай дар гуфтугӯ бо хабарнигорон тасреҳ кард, ки раисҷумҳурии Русия тибқи барномаи кории аз пеш таъйин шудаи дирӯз дар Кремл бо вазири тавсеаи иқтисодии кишвараш дидор хоҳад кард.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, пас аз ҳамлаи паҳподии рӯзи чаҳоршанбе қарор аст тадобири амниятӣ дар кохи раёсатҷумҳурии Русия тақвият шавад.
Амрико: Песков дурӯғ мегӯяд
Вашингтон иддаои Русияро мабнӣ бар ин ки Амрико мағзи мутафаккири “ҳамлаи паҳподӣ” ба Кохи Кремл будааст, рад кард. Кохи Сафед дар вокуниш ба изҳороти Дмитрий Песков, идаъои сухангӯи дафтари раёсатҷумҳурии Русияро беасос хонд ва гуфт, ки Песков “дурӯғ” мегӯяд.
Амрико мегӯяд Киевро ба анҷоми ҳамалот дар хориҷ аз марзҳояш тарғиб намекунад. Укроин ҳам мегӯяд, Русия ҳеҷ санад ва мадраке, ки нишон диҳад Киев тарроҳ ва омили ҳамлаи паҳподӣ ба Кохи Кремл будааст, ироъа надодааст.
Расонаҳо ва мақомоти маҳаллӣ дар Русия рӯзи панҷшанбе, як рӯз пас аз ҳамлаи паҳподӣ ба Кремл эълом карданд, ки полоишгоҳҳои нафт дар ҷанубу ғарбии Русия воқеъ дар минтақаи наздики хоки Укроин низ аз сӯи ду паҳпод ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.