Ба думболи судури муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони милал ба сафари вазири хориҷаи Толибон ба Исломобод, вазорати хориҷаи Покистон эълом кард, ки ин сафар фардо анҷом мешавад.
Бар асоси эъломияи вазорати хориҷаи Покистон, Амирхон Муттақӣ ва Нуруддин Азизӣ, вазири тиҷорат ва чанд мақоми дигари Толибон дар таркиби ҳайати ин гурӯҳ хоҳанд буд.
Ин вазорат дар эъломияи рӯзи панҷшанбе 4 май худ афзуд, ки вазири хориҷаи Толибон дар гуфтугӯҳои дуҷониба бо мақомҳои покистонӣ ва нишасти сеҷониба бо вазирони хориҷаи Покистону Чин ширкат хоҳад кард.
Ин эъломия мавзӯъи гуфтугӯи сеҷонибаи мавриди назарро тавзеҳ надода, вале мавзӯъи дидорҳои дуҷонибаи Толибону Покистонро масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, иртиботот, сулҳу амният ва омӯзиш унвон кардааст.
Ҳамзамон, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ҳам гуфта, ки Тсин Ган, вазири хориҷаи ин кишвар рӯзи ҷумъа барои ширкат дар иҷлоси сеҷониба Чин, Покистон ва Толибон, ба Исломобод сафар мекунад.
Ҳамчунин пештар вазорати хориҷаи Толибон эълом карда буд, ки Муттақӣ дар раъси як ҳайати сиёсӣ ва тиҷорӣ ба Исломобод сафар мекунад ва зимнан ширкат дар гуфтугӯҳои дуҷониба бо Покистон, дар шашумин нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи Чин, Покистон ва Толибон ҳузур хоҳад ёфт.
Пештар Рейтерз ба нақл аз манобеъи дипломатик гузориш дода буд, ки кумитаи таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони милал ба дархости Исломобод бо сафари Амирхон Муттақӣ ба Покистон мувофиқат кардааст.
Вазири хориҷаи Толибон дар феҳристи таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони милал қарор дорад ва иҷозаи сафар ба ҳеҷ кишвареро надорад.