Рубрики Хабарҳо

Путин аз Раҳмон даъват кард дар ҷашни Рӯзи Ғалаба ширкат кунад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин имрӯз, 5 май сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Путин аз Раҳмон даъват карда, то дар ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат кунад. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.

Гуфта мешавад сарони ду кишвар ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтаанд. Маълум нест гуфтугӯи телефонӣ бо ибтикори кадом ҷониб анҷом шудааст. 

Ба иттилоъи манбаъ ҷонибҳо зимни суҳбат ба тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид ва изҳори омодагӣ барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ намудаанд.

“Сарони ду давлат ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор анҷом дода, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли ҷорӣ муҳокима карданд” — омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар охири сӯҳбат Путин аз Раҳмон “ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва даъват ба амал овард”.

Дар ҳамин ҳол аз посухи Эмомалӣ Раҳмон ба Путин дар ин маврид ҳеҷ иттилоъе дода намешавад. Агар ин даъват пазируфта шавад, Раҳмон дувумин раҳбари кишвари хориҷӣ хоҳад буд, ки дар ҷашни Маскав ширкат мекунад. Қаблан аз омодагии ширкати раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов жар ҷашни Рӯзи Ғалаба иттилоъ дода шуда буд.  

Рӯзи Ғалаба ҷашнеро меноманд, ки собиқ Шӯравӣ бо муттафиқонаш бар Олмони нозӣ пирӯз шуда буд. Қаблан дар ин ҷашн роҳбарони собиқ кишварҳои Шӯравӣ ва намояндагони зиёде аз хориҷ низ ширкат мекарданд, аммо ба самти миллатгароӣ ва истибдод рафтани Русия торафт шумори ширкаткунандагонро камтар мекард. Ҳамлаи Русия ба Укроин ин ҷашнро ба ҷашни танҳо Русия табдил дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *