14-умин тазоҳурот барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин (навор)
Гурӯҳ фаъолони олмонӣ ва ҳамкорони собиқи Абдуллоҳи Шамсиддин, ки тасмим гирифтаанд то озодии ӯ ба талошашон идома диҳанд, 14-умин тазоҳурот бо талаби раҳоии ӯро дар назди идораи муҳоҷирати шаҳри Дортмунди Олмон баргузор карданд.
Сипас онҳо бо шиорҳояшон ба фестивали шаҳрӣ, ки шаҳрдории Дортмунд баргузор карда ва дар он ҳудуди 4,5 то 5 ҳазор нафар ширкат доштанд рафтанд ва онҷо ба пикети худ идома доданд.
Фаъолони олмонӣ ва ҳамкорони собиқи Абдуллоҳ дар рӯзи иди меҳнаткашон, яъне 1 май, ки ҳам иттифоқҳои касаба, ҳам ҳизбҳои чапгарову ҳам ростҳо зиёда аз 3.000 нафарро дар Дортмунд гирди ҳам оварда буданд бо шиору плакатҳояшон ширкат карда буданд.