Сурия пас аз 12 сол дубора ба узвияти Иттиҳодияи Араб даромад
Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб рӯзи якшанбе дар Қоҳира ба эҳёи узвияти Сурия дар ин Созмон пас аз 12 сол таълиқ, раъйи мусбат доданд.
Ин нишаст дар пойтахти Миср пеш аз иҷлоси сарони Иттиҳодияи Араб, ки қарор аст дар таърихи 19 май дар Арабистон баргузор шавад, барпо шуд. Ин нишаст ҳамчунин чанд рӯз пас аз дидори дипломатҳои аршади минтақа дар Урдун барои баррасии нақшаи роҳ барои бозгардони Сурия сурат гирифт.
Ҷамол Рушдӣ, сухангӯи дабири кулли Иттиҳодияи араб гуфт: “дар нишасти ғайриалании вазирони хориҷаи кишварҳои арабӣ дар мақари Иттиҳодияи араб дар Қоҳира мувофиқат шуд, ки узвияти Сурия бори дигар маврид қабул қарор гирад.”
Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи араб дар баёнияи поёнии нишасти худ ба ҳифзи ҳокимияти Сурия, тамомияти арзӣ ва суботи ин кишвар таъкид карданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки бояд ба Сурия барои хурӯҷ аз буҳрон бо гуфтугӯи мустақим бо давлати ин кишвар кумак шавад.
Ин мақомот тасреҳ карданд, ки ҳайатҳои сурӣ метавонанд аз имрӯз дар нишастҳои Иттиҳодияи Араб ҳузур пайдо кунанд.
Коршиносон гуфтаанд, ки Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои араб эҳтимолан масоили марбут ба музокирот бо миёнҷигарии Созмони милал бо гурӯҳҳои мухолиф, қочоқи маводи мухаддир ва паноҳандагони суриро дар аввалият қарор медиҳанд.
Узвияти Сурия дар Иттиҳодияи араб 12 сол пеш дар оғози ҷанги дохилӣ дар ин кишвар, ки боиси кушта шудани ним миллион нафар ва оворагии ниме аз ҷамъияти 23 миллионии Сурия шуд ба ҳолати таълиқ даромад.
Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия бо кумаки муттаҳидони калидӣ монанди Русияу Эрон контроли бештари хоки ин кишварро дубора ба даст гирифтааст, аммо ин дар ҳоле аст, ки бархе аз ҳамсоягони Сурия мизбони ҷамъияти зиёде аз паноҳҷуёни ин кишвар ҳастанд.
Аморот ва Баҳрайн низ ахиран равобити худ бо Сурияро барқарор кардаанд. Гарчи Арабистон замоне аз гурӯҳҳои мухолиф барои сарнагунии Асад ҳимоят мекард аммо дар моҳҳои ахир гомҳоеро барои бозкушоии сафоратхонаҳо ва барқарории муҷаддади парвозҳо байни ду кишвар бардоштааст.
Урдун ҳафтаи гузашта мизбони музокироти минтақаӣ буд, ки дар он намояндагоне аз Арабистон, Ироқ, Миср ва Сурия ҳузур доштанд. Онҳо бар рӯйи чорчубе ба тавофуқ расиданд, ки “ибтикори Урдун” номида мешавад, ки тибқи он ба оромӣ Димишқ ба миёни аъроб боз мегардад.
Бо ин ҳол Қатар, ки яке аз ҳомиёни аслии гурӯҳҳои мухолифи сурӣ аст бо оддисозии равобит мувофиқ нест.