11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Нигаронии шадиди Ожонси атомӣ аз вазъияти нерӯгоҳи Запороже

Дар пайи афзоиши фаъолиятҳои ҷангӣ дар наздикии нерӯгоҳи атомии Запороже, Рафаел Гроси, раиси Ожонси байналмилалии энержии атомӣ нигаронии шадиди худро дар заминаи вуқӯъи фоҷиаи атомӣ дар минтақа иброз кард. Ин нерӯгоҳ тавассути артиши Русия ишғол шудааст. 

Густариши ҳамалоти низомӣ дар минтақаҳои марзии Укроин ва Русия дар рӯзҳои ахир нигаронии шадиди Ожонси байналмилалии энергии атомии (IAEA)-ро барангехтааст. Ин нигарониҳо ба вижа шомили вазъияти нерӯгоҳи ҳастаии Запораже аст. Ин нерӯгоҳи атомӣ аз моҳи марти соли 2022 тавассути артиши Русия ишғол шудааст. 

Ҳоло Рафаел Гроси, раиси Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ишора кард, ки дар мавриди вазъияти ин нерӯгоҳ “ба шиддат нигарон” аст. 

Ӯ зимни таъкид бар ин ки вазъияти ҷанг дар ҳавмаи нерӯгоҳи ҳастаии Запороже “рӯз ба рӯз ғайриқобилипешбинитар мешавад”, ҳушдор дод: “ман ба шиддат нигарони хатароти амниятии воқеӣ ҳастам. Мо бояд акнун барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи як ҳодисаи ҷиддӣ ва сангини ҳастаӣ, иқдом кунем.” 

Аз сӯи дигар фармондеҳи идораи минтақаи Запороже, ки аз сӯи Русия мансуб шудааст низ рӯзи ҷумъа 9 моҳи май дастури тахлияи бархе аз маконҳои ишғолшуда тавассути Русия, аз ҷумла Энергодарро содир кард. 

Аксари коркунони нерӯгоҳи ҳастаии Запороже сокини Энергодар ҳастанд. Бар асоси гузоришҳо, сокинони ин минтақа хонаводаҳои дорои фарзанд, солмандон, маълулон ва беморони бистарӣ дар бемористонҳо ҳастанд, ки ба осонӣ наметавонанд минтақаи зиндагии худро тарк кунанд. 

Гуфта мешавад, ки ин дастур ба хотири афзоиши бомбаборонҳо тавассути нерӯи ҳавоии Укроин дар рӯзҳои ахир дар ин минтақа, дода шудааст. 

Нерӯгоҳи ҳастаии Запороже дар моҳҳои гузашта борҳо мавриди ҳамлаи низомӣ қарор гирифтааст ва ба тарсҳои ҷиддӣ аз вуқӯъи як фоҷиаи ҳастаӣ, доман задааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *