Нарх ва замони сафари ҳаҷ эълон шуд
Арзиши сафари ҳаҷ барои имсол аз тарафи Кумитаи дини Тоҷикистон эълон шуд. Дар хабаре, ки кумита имрӯз 11 май нашр карда, адои ин фаризаи панҷуми исломӣ барои ҳар зоир 59 ҳазор сомонӣ, ё каме бештар аз 5 ҳазору 406 доллар тамом хоҳад шуд.
Тибқи эълони кумита «маблағи мазкур хароҷоти аввалияи зоиронро дар мавсими ҳаҷ, аз билети рафту баргашт то меҳмонхона дар Макка ва Мадина, қурбонии ҳоҷиён, бима ва боҷи давлатӣ дар бар мегирад”.
Кумитаи дини Тоҷикистон ҳисоб кардааст, ки зоирони имсола 1520 сомонӣ камтар аз зоирони соли гузашта масраф хоҳанд кард.
Парвози ҳоҷиёни ояндаи тоҷик барои аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба шаҳрҳои Арабистони Саудӣ қарор аст аз 10 то 20 июн анҷом шавад.
Квотае, ки имсол Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷудо карда, 7 ҳазор адад гуфта шудааст.