Рубрики Хабарҳо

Парвандаи Хуршед Фозилов дар додгоҳи Панҷакент баррасӣ мешавад

Парвандаи рӯзноманигор Хуршед Фозиловро барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент фиристодаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба Дилафрӯз Самадова, вакили дифоъи рӯзноманигор хабар медиҳад.

Қазияи Хуршед Фозилов аз тарафи идораи амнияти вилояти Суғд таҳқиқ шудааст ва бинобар сокини Панҷакент будани рӯзноманигор, парвандаашро ба додгоҳи ин шаҳр фиристоданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиа кай баргузор мешавад.

Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд рӯзи 10-уми майи имсол таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозиловро ба поён расонданд.

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.

Ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонанд. Худаш рад кардааст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад.

Дар як соли ахир 8 рӯзноманигору блогери тоҷик боздошт ва 7 нафари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани хабарнигорон борҳо танқид кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *