Вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров дигар вакил надорад
Вакили дифои зиндонии сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҷониби давлат таъйин гардида буд, аз ҳимояи ӯ даст кашид. Дар ин бора Azda.tv бо истинод ба Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр ва раиси Бунёди “Бузургмеҳр” ба хабар дод.
Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, сабаби даст кашидани вакили дифои Бузургмеҳр Ёров аз ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ ва ё дар умум даст кашидани дигар ҳомиёни ҳуқуқ аз чунин парвандаҳои пурсарусадо нисбати маҳбусони сиёсӣ, ин ба хотири бехатарӣ ва ташвиш аз ояндаашон аст.
“Чунки агар ин адвокатҳо аз ҷиҳати қонунӣ зерҳимояашонро ҳаматарафа ҳимоя кунанд ба рӯйхати сиёҳи Вазорати адлия дароварда мешаванд ва гузаштани “переаттестация” барояшон мушкил мешавад.” – мегӯяд раиси Бунёди “Бузургмеҳр”.
Дар идома Ҷамшед Ёров зикр кард, ки адвокатҳое, ки фаъолона аз маҳбусони сиёсӣ ҳимоя мекунанд, дар Тоҷикистон зери нишони мақомоти қудратӣ қарор гирифта, тафтиши амалҳояшон оғоз мегардад ва телефонҳояшон пинҳонӣ гуш карда мешавад ва ё аз кор ронда мешаванд, ё дар бадтарин сурат, мисли Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов равонаи зиндон мегарданд.
Ҷамшед Ёров мегӯяд, ки вақте пайвандонаш аз оғози парвандаи чорум нисбати Бузургмеҳр Ёров огоҳӣ ёфтанд, барои ёфтани вакили дифоъ талоши зиёде карданд, аммо ҳеч адвокат ва ташкилоте аз тарси фишори мақомоти Тоҷикистон омода набуд, ҳимояи ин маҳбуси сиёсиро бар уҳда гирад.