Раисҷумҳури Эрон ба Толибон ихтор дод, ки ҳаққи оби Систон ва Балучистонро ҷудо кунанд. Иброҳим Раисӣ имрӯзи панҷшанбе, 18 май дар сафар ба устони Систон ва Балучистон гуфт, ки Толибон бояд ин огоҳии ӯро ҷиддӣ бигиранд ва “баъдан гилла накунанд, ки ба мо гуфта нашуд.”
Ба гузориши расонаи “Машриқ”, ӯ дар сафар ба Чобаҳор гуфт: “ҳокимони Афғонистон бояд иҷоза диҳанд коршиносони мо бираванд ва сиҳат ё нодурустии моҷароро баррасӣ кунанд. Агар коршиносони мо камбуди обро таъйид кунанд ҳарфе надорем вагарна иҷоза нахоҳем дод ҳаққи мардуми мо дода нашавад”.
Раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки давлати ӯ тасмим дорад мавзӯъи ҳаққи обро думбол кунад. Ў бо ҷидият гуфтааст дар тамоми нуқоти марзӣ ҳаққи мардумро мегирад.
Иброҳим Раисӣ хитоб ба Толибон гуфт: “аз ҳокимони Афғонистон мехоҳам, ки матлаби бандаро ҷиддӣ гирифта ва сареъан иқдом кунанд то мардуми ин минтақа ба ҳаққи худ даст ёбанд.”
Чобаҳор имрӯз мизбони нишасти вижа барои пайгирии ҳаққи оби Эрон аст. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар ин нишаст ҳушдор дод, ки Толибон бояд то фурсат ҳаст даричаҳои сарбанди Каҷкӣ дар Ҳилмандро боз кунанд, ки “ҳам мардуми Афғонистон ва ҳам мардуми Эрон сероб шаванд.”
Амир Абдуллоҳиён ва Амирхон Муттақӣ рӯзи чаҳоршанбе 17 май телефонӣ дар мавриди ҳаққи об сӯҳбат карданд. Пас аз он, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ бо масъулони кишвараш дар Чобаҳор ташкили ҷаласа дод.
Амир Абдуллоҳиён дар ин нишаст, ки Ҳасан Козимии Қуммӣ, кордори сафорати Эрон дар Кобул низ ҳузур дошт гуфт: “дархости мо равшан аст. Толибон муддаӣ аст, ки сарбанд аз оби кофӣ бархурдор нест, аммо сароҳатан эълом кардем тибқи аҳдномаи 1351 як тими муштараки фаннӣ бояд ин корро мушаххас кунад. Исмеро додем то тими фаннии мо аз сарбанди Каҷкӣ боздид кунад ва бар мабнои он, қазоват шавад, ки об дар сарбанд мавҷуд аст ё хайр.”
Толибон пештар гуфта буд, ки тамоми муоҳидоти ҳаққи обро мепазирад. Амирхон Муттақӣ қаблан гуфта буд агар борон зиёд шавад об ба Эрон ҳам мерасад. Ин гуфтаи ӯ боиси хашми бархе аз масъулони Эрон шуд.
Маъйинуддин Саидӣ, намояндаи Маҷлиси Эрон гуфта “дар ҳоле, ки сели муҳоҷират аз шаҳристонҳои Систон ба далели мушкили бе обӣ суръат гирифта, тарафи афғон бо беэҳтиромӣ мегӯяд биравед дуо кунед борон биборад.”
Афғонистон барои ҷамъоварӣ ва истифода аз об Ҳилманд сад сохтааст, ки ин кор боиси камбуди об дар ду устони Эрон гаштааст.