Раисҷумҳури Укроин дари як паёми видеоӣ аз ҳамаи мардуми Эрон хост то барои қарор нагирифтан дар “самти торики таърих” бар тасмими Ҷумҳурии Исломӣ барои ирсоли паҳпод ба Русия таъсир бигузоранд ва “ҳамдасти террори Русия» нашаванд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, аз Эрон хост то дар мавриди ирсоли паҳподҳои маргбор ба Русия таҷдиди назар кунад ва дар “самти торики таърих” наистад.
Ӯ рӯзи чаҳоршанбе 24 май гуфт паҳподҳои Шоҳид, ки дар Эрон тавлид мешаванд нақши умдае дар ҳамалоти Русия ба шаҳрҳо ва зерсохтҳои ғайри низомии Укроин ифо кардаанд, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ падафанди ҳавоии Киев акнун дар сарнагунии ин паҳподҳо маҳорат ёфта ба тавре, ки 900 фарванд аз маҷмӯъи 1160 фарванд паҳподе, ки Укроинро ҳадаф қарор гирифтанд, сарнагун шуданд.
Бо ин ҳол ба гуфтаи Зеленский бархе аз паҳподҳои эронӣ бо муваффақият ба ҳадаф хӯрдаанд ва хонаҳои ғайринизомиён, мактабҳо, бемористонҳо, калисоҳо, нерӯгоҳҳо, бозорҳо ва ҳатто марказҳои тақсими кумакҳои башардӯстона ва истгоҳҳои автобусро тахриб кардаанд.
Зеленский дар ин паёми видеоӣ гуфт: “имрӯз мехоҳам мустақиман аз мардуми Эрон дархост кунам, аз якоякашон, аз ҷомеа, аз уламои эронӣ, аз ҳар хонаводаи эронӣ, аз касоне, ки метавонанд бар тасмимҳои ҳукуматӣ дар Эрон таъсиргузор бошанд, пурсишм содда инҷост: аз ҳамдасти бо террори Русия чӣ манфиате ба шумо мерасад?”
Ӯ идома дод: “ин куштори пуч чӣ нафъе барои Эрон дорад? Тавассути русҳо аммо бо силоҳҳои шумо, силоҳҳои шумо…паҳподҳои “Шоҳид”-и шумо, ки ҳар шаб барои Укроин ваҳшат ба ҳамроҳ меоварад, танҳо ба ин маъност, ки мардуми Эрон бештар ва бештар ба самти торики таърих ронда мешаванд.”
Эрон ва Русия пас аз шурӯъи ҷанг дар Укроин ҳамкориҳои низомии худ бо якдигарро густурдатар кардаанд. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он ҳастанд, ки Эрон ирсоли паҳпод ба Русияро дар тобистони соли гузашта оғоз кард. Ҷумҳурии Исломӣ дар ибтидо ин ахборро такзиб кард аммо баъдтар гуфт, ки ирсоли паҳподҳои интиҳорӣ аз навъи “Шоҳид-136” ба Русия, пеш аз ҳамлаи низомӣ ин кишвар ба Укроин сурат гирифтааст.
Бар хилофи изҳороти мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ, созмонҳои амниятии ғарбӣ ва мақомоти укроинӣ хилофи ин мавзӯъро баён мекунанд.
Зеленский дар паёми видеоии худ бори дигар таъкид кард, ки Русия бо ҳадафи ба бардагӣ гирифтани Укроин, ҷангро алайҳи ин кишвар ба роҳ андохтааст. Ў афзуд “мардуми Эрон метавонистанд комилан дар шароити мутафовите зиндагӣ кунанд, агар бо шарорате ҳамчун таҷовузи Русия дар як самт қарор нагирифта буданд.”
Давлати Укроин соли гузашта дар вокуниш ба ҳамкории низомии Эрон ва Русия ва ирсоли паҳподҳои “Шоҳид”, эътиборномаи сафири Эрон дар Киевро лағв кард.