Раисҷумҳури Чин дар дидор бо нахуствазири Русия дар Пекин бар таҳкими манофеъи муштарак таъкид кард.
Михаил Мишустин болотарин мақоми сиёсии Русия аст, ки аз оғози ҷанги Укроин ба Чин сафар кардааст ва умедвор ба ҷалби ҳимояти бештари Пекин аст.
Чин бузургтарин муштарии энержии Русия аст. Тиҷорати байни Маскав ва Пекин ба суръат дар ҳоли рушд аст ва дар соли гузашта тақрибан ба 200 миллиард доллар расидааст.
Мишустин, ки тақрибан ду моҳ пеш дар сафари Си Ҷинпин ба Маскав, бо ӯ мулоқот карда буд, гуфт равобити ду кишвар дар сатҳи боло ва беназире аст.
Чин таъкид мекунад, ки ба Русия дар ҷанг бо Укроин кумак намекунад аммо буҳрони Крим дар соли 2014 ба унвони савқдиҳандаи ҳарчи бештари Русия ба оғӯши Чин талаққӣ мешавад, ки дар пайи инзивои байналмилалӣ аз Русия ҳимоятҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ кард.
Аз он замон ин робита шукуфотар шудааст. Раҳбарони ғарбӣ аз феврали гузашта талош кардаанд Русияро ба хотири ҳамла ба Укроин мунзавӣ кунанд аммо дар иҷмоъи ҷаҳонӣ муваффақ набудаанд, зеро Чин, Ҳинд ва чандин кишвар дар Ховари Миёна ва Африқо тамоюле ба маҳкум кардани Русия надоранд.
Пас аз таҳрими нафту гази Русия аз сӯи кишварҳои ғарбӣ, Маскав содироти энержиашро ҳар чӣ бештар ба самти Чин савқ додааст. Ду кишвар бар ҳамкории стратегӣ ва нақши худ дар эҷоди “як низоми чандқутбии ҷаҳонӣ” таъкид мекунанд.
Русия манбаъи нафт барои иқтисоди Чин ва ҳамчунин шарике барои истодагии Пекин дар баробари Амрикост. Чин солҳо бузургтарин шарики тиҷории Русия будааст.
Ду кишвар дар соли гузашта ҳамзамон бо афзоиши манёврҳои низомии муштарак, нақшаи роҳи муштараке барои равобити низомии наздиктар тадорук дидаанд.