CNN: ҳамлаи паҳподӣ ба Кремл аз дохили Русия тавассути ҷосусони Укроин анҷом шуд
Ба гузориши CNN бо истинод ба чанд манбаъи огоҳ, Укроин шабакаҳое аз ҷосусон ва ҳаводоронашро дар Русия эҷод кардааст ва барои анҷоми иқдомоти харобкорона ва ҳамла ба аҳдофи даруни Русия ба онҳо паҳпод мерасонад.
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд ҳамлаи паҳподии аввали моҳи май ба Кремл ба дасти ҳамин ҷосусон ва аз хоки Русия анҷом шуд.
Ба гузориши CNN бинобар изҳороти чанд манбаъи муртабит бо ниҳодҳои амниятии Амрико, Укроин шабакаҳои аз ҷосусон ва ҳаводоронашро дар Русия эҷод кардааст ва барои анҷоми иқдомоти харобкорона ва анҷоми ҳамалот ба аҳдофи дохили Русия ба онҳо паҳпод мерасонад.
Ҳанӯз мушаххас нест, оё дигар ҳамалоти паҳподӣ, ки дар чанд рӯзи ахир, ки маҳаллаи маскунӣ дар Маскав ва ё полоишгоҳҳои нафт дар ҷануби Русияро ҳадаф қарор доданд низ тавассути ҳамин гурӯҳҳо анҷом шудаанд ё на.
Бо ин ҳол мақомоти амрикоӣ мӯътақиданд, ки Укроин бо ташкили дастаҳои харобкор дар дохили Русия, онҳоро барои анҷоми чунин амалиёте комилан омӯзиш дода ва омода кардааст. Ҳамчунин ба назар мерасад Киев онҳоро бо паҳподҳои сохти Укроин таҷҳиз кардааст. Ҳеҷ шавоҳиде мабнӣ бар анҷоми ҳеҷ як аз ҳамалот ба василаи паҳподҳои амрикоӣ вуҷуд надорад.
Ҳеҷ як аз мақомот наметавонанд бигӯянд, ки Укроин чи гуна тавонистааст ин паҳподҳоро ба дохили марзҳои Русия бифиристад. Аммо ду манбаъи огоҳ дар гуфтугӯ бо СNN аз масирҳои муносиб ва кордиҳанда барои қочоқи қатаоти паҳпод ба дохили Русия парда бардоштанд. Ин қатаот сипас барои сохту монтажи паҳподҳо дар хоки Русия мавриди истифода қарор мегиранд.
Ба гуфтаи як манбаъи амрикоӣ, мақомоти укроинӣ борҳо дар гуфтугӯҳои хусусӣ таъкид кардаанд, ки қасд доранд ба ҳамлаи аҳдоф дар дохили хоки Русия идома диҳанд. Зеро онро тактики муассир барои эҷоди ихтилол дар тамаркузи нерӯҳои рус ва саргарм кардани онҳо ба амнияти дохилии худ аст.
Муноқишот дар Белгород
Бинобари эъломи вазорати дифоъи Бритониё, ҳамалоти гурӯҳҳои шибҳинизомии таҳти ҳимояти Укроин ва ҳамчунин ҳамалоти паҳподӣ дар минтақаи марзии Белгороди Русияро маҷбур кардааст то бахши комиле аз ҳаҷми оташи низомияшро дар қаламрави худаш ба кор гирад.
Ҳамчунин шибҳинизомиёни мавсум ба “Сипоҳи довталабони рус” дар канали телеграмми худ видеое мунташир карда ва дар он муддаии гаравгон гирифтани чанд тан аз сарбозони рус шуданд. Онҳо шарти озодии ин сарбозонро дидор бо фармондори Белгород дар калисо дар минтақаи навая Таволжанка қарор доданд.
Соате баъд низ ин гурӯҳ видеои мунташир кард ва муддаӣ шуд, ки фармондор барои ҳифзи сарбозон ба калисо наомадааст.
Аз сӯи дигар вазорати дифоъи Русия субҳи душанбе муддаӣ шуд, ки ҳамлаи бузурги артиши Укроин дар устони шарқи Донетск хунсо кардааст. Ин вазоратхона муддаӣ шуд дар ҷараёни ин амалиёт 250 сарбози укринӣ кушта 16 танк, се худрави ҷангӣ ва 32 худрави зиреҳии артиши Укроин мунҳадим шудааст.
Ҳамчунин Русия муддаӣ шуд, ки ин ҳамон зиддиҳамлаи Укроин буда, ки аз муддатҳо пеш интизорашро мекашидааст. Бо ин ҳол ҳеҷ роҳе барои таъйиди иддаоҳои Маскав вуҷуд надорад.
Киев ин иддаоро рад кард ва гуфт ҳамлаи дар он самт вуҷуд надоштааст.