Рубрики Хабарҳо

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Котелникии Маскав

Субҳи имрӯз, 8 июн наздики 30 муҳоҷири тоҷик аз тарафи пулиси Русия дар як сохтмоне дар шаҳраки ҳоло байни тоҷикон маъруфи Котелникии вилояти Маскав боздошт ва ба идораи пулис бурда шудаанд.

Яке аз муҳоҷирон, ки ба “Паём” паёми садоӣ равон кард, мегӯяд ҳудуди соати 10 гурӯҳи зудамали пулис бо ду мусофирбар ва чаҳор мошини махсуси пулис ба назди сохтмон омада, ҳамаи коргарони тоқики онро боздошт намудаанд. Ба гуфтаи ӯ ҳади ақал ниме аз боздоштшудаҳо шаҳрвандии Русиро доранд.

Рӯзи душанбе 5и июн низ аз ин шаҳрак як гурӯҳ тоҷиконро боздошт карда буданд, ки ҳанӯз тақдирашон маълум нест. Ба гуфтаи як хонандаи сокини Котелники, ҳади ақал се нафар аз боздоштшудаҳои рӯзи душанберо ба боздошгоҳи Сахарова, ки дар онҷо муҳоҷирони истирдодшаванда нигоҳдорӣ мешаванд, интиқол додаанд. 

Ҳанӯз сафорати Тоҷикистон ва мақомоти дигари расмии Тоҷикистону Русия дар бораи боздошти имрӯза расман ҳеҷ иттилоъе надодаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *