Раисҷумҳури Укроин дар мусоҳиба бо Би би си гуфтааст, ки вазъият осон нест вале саранҷом муваффақият ба даст меояд
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин эътироф кард, ки пешрафти амалиёти зиддиҳамлаи кишвараш дар баробари нерӯҳои Русия, кундтар аз он чизе буда, ки интизор доштааст.
Ӯ пазируфтааст, ки вазъият осон нест аммо дар бораи муваффақияти ниҳоӣ ибрози итминон кард.
Раисҷумҳури Укроин дар мусоҳибае ба Би би си гуфта: “баъзе фикр мекунанд ин як филми Ҳоливудист ва сареъ мунтазири натиҷа ҳастанд. Ин (филм) нест.”
Дар ҳамин ҳол, артиши Укроин аз пешравии тадриҷӣ алайҳи нерӯҳои русӣ дар минтақаи Запороже хабар дода.
Муовини вазири дифоъи Укроин гуфтааст талошҳои нерӯҳои Русия барои пешравӣ дар манотиқе дар шарқи ин кишвар назири Лиман ва Бахмут дар минтақаи Донетск идома ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ нерӯҳои укроинӣ умдатан мавозеъи худро ҳифз кардаанд.
Укроин мегӯяд бо иҷрои амалиёти зиддиҳамла, 8 русто дар ҷануби минтақаи Запороже, ки дар тасарруфи русҳо буда, озода шудааст.
Владимир Путин раисҷумҳури Русия ҳафтаи пеш гуфта буд зиддиҳамлаи Укроин номувафақ буда ва артиши ин кишвар мутаҳаммили хисороти бисёре шудааст.
Раисҷумҳури Укроин ин амалиётро албатта сахт тавсиф карда зеро ба гуфтаи ӯ 200 ҳазор километри мураббаъ аз арзи Укроин тавассути нерӯҳои Русия минагузорӣ шудааст.
Ӯ ҳамчунин бар лузуми тазминҳои амниятии НАТО таъкид кард, вале гуфта ҳадафи ниҳоии кишвараш узвият дар ин Созмон аст.
Ин дар ҳолест, ки дабири кулли НАТО дар ҳафтаи ҷорӣ таъкид кард дар иҷлоси моҳи оянда ин эътилоф, ки қарор аст дар Литва баргузор шавад, дастури коре барои узвияти Укроин вуҷуд надорад.
Русия ахиран мавҷи тоза аз ҳамалоти ҳавоииро алайҳи Укроин аз сар гирифтааст, ки умдатан Киев ҳадафи ин ҳамалот будааст.
Артиши Укроин ахиран гуфта 28 паҳподи интиҳории сохти Эронро сарнагун кардааст.
Ҳамзамон бо идомаи даргириҳо дар Укроин, Даниил Шмигол, нахуствазири ин кишвар дар конфронси байналмилалӣ дар Лондон, аз тарҳи Киев барои бозсозии пас аз ҷанг бо истифода аз манобеъи молии Русия хабар додааст.
Ӯ дар конфронси “бозсозӣ”-и Укроин гуфт кишвараш роҳҳоеро барои пардохти ҳазинаи бозсозии Укроин тавассути Русия ёфтааст; Аз ҷумла механизме барои тавқифи манобеъи молии Русия “то сақфи 500 миллиард доллар”.
Рақами мавриди ишора дороиҳои масдудшудаи Русия дар кишварҳои ғарбӣ ва Укроинро шомил мешавад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ҳам бо ирсоли паёми видеоӣ ба конфронси Лондон ба мавзӯъи бозсозӣ ва барномаҳои мутаҳаввилсозии кишвараш пардохт.
Ӯ гуфта ин барномаҳо ҳамчунин шомили тавсеаи энержиҳои пок, мубориза бо фасод ва таҳаввул дар системи қазоии кишвараш аст.
Зеленский дар изҳороти дирӯзи худ ба нақши бахши хусусӣ дар бозсозии Укроин ҳам ишора кард.
Дар соли гузашта (2022) иқтисоди Укроин беш аз 29 дарсад кӯчактар шуд; Ахиран Бонки ҷаҳонӣ ҳазинаи бозсозии ин кишварро 411 миллиард доллар эълом кардааст.