Рубрики Хабарҳо

Боздошти садҳо мӯътаризи дигар дар панҷумин шаби нооромиҳои Фаронса

Мӯътаризон дар Фаронса дар ҳоле барои панҷумин шаб ба хиёбон рехтанд, ки давлати ин кишвар беш аз 45 ҳазор пулис ва нерӯи вижаи амниятиро ба ҳамроҳи худравҳои сабуки зиреҳӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги дигари ин кишвар аз ҷумла Марсел, Бордо ва Лион мустақар карда буд. 

Нооромиҳо ва хушунатҳои шаҳрӣ дар эътироз ба кушта шудани муҳоҷир, навҷавони арабтабори 17 солае, ки дар ҳавмаи Париж ба зарби гулӯлаи пулиси Фаронса ҷон бохт, шаби шанбе низ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар идома ёфт. 

Бар асоси омори муваққатӣ, ки вазорати кишвари Фаронса дар ихтиёри расонаҳо қарор дода 719 тан аз мӯътаризон, ки давлати Фаронса онҳоро ошӯбгар ва ё навҷавонони таъсирдида аз мӯҳтавои таҳрикомез дар шабакаҳои иҷтимоӣ номидааст, тайи нооромиҳои шаби шанбе ва бомдоди рӯзи якшанбе, дувуми июл дастгир ва боздошт шуданд. 

Расонаҳои дохилӣ ба нақл аз пулис ва маъмурони амниятӣ иллати дастгирии ин даста аз мӯътаризонро ба ҳамроҳ доштани васоил ё абзоре унвон кардаанд, ки қобилияти истифода аз он ба унвони силоҳ ва ё партобаҳои оташзо вуҷуд дорад. 

Ҳамла ба манзили маскунии шаҳрдори Лэ-ли-Роз 

Ба гузориши Фаронспреси, манзили маскунии шаҳрдори яке аз шаҳрҳои воқеъ дар ноҳияи марказии Ил де Франс, ки пойтахти Фаронса низ дар он воқеъ шуда тайи нооромиҳои шаби гузашта ҳадафи ҳамлаи мӯътаризон қарор гирифт ва оташ зада шуд. 

Ба гуфтаи масъулони шаҳрӣ дар ин минтақа, ҳамла тақрибан соат якуними рӯзи якшанбе ва дар ҳоле сурат гирифта, ки шаҳрдори Лэ-ли-Роз дар маҳалли кораш буд аммо хонаводаи вай дар манзил ҳузур доштаанд. 

Дар баёнияи бахшдори Вал де Марн омадааст, ки манзили маскунии шаҳрдори Лэ-ли-Роз ибтидо бо як худрав мавриди ҳамла қарор гирифт ва сипас тавассути мӯътаризон ба оташ кашида шуд. 

Бинобар ба охирин гузоришҳо, ки расонаҳои маҳаллӣ аз ин воқеа мунташир кардаанд, ҳамсар ва яке аз ду фарзанди хурдсоли шаҳрдори Лэ-ли-Роз дар ин ҳамла захмӣ шуданд. 

Идомаи ғорат ва даргирӣ ба рағми эъломи “коҳиши шиддати хушунатҳо” 

Бинобар ба он чи масъулони давлатӣ дар Фаронса эълом кардаанд шиддати хушунатҳо ва вусъати нооромиҳо дар шаҳрҳои мухталифи Фаронса шаби шанбе ба далели ҳузури пуршумори нерӯҳои амниятӣ нисбат ба шабҳои гузашта коҳиш ёфт.” 

Ҷералд Дурман, вазири кишвари Фаронса бо интишори паёме дар ин хусус муддаӣ шуд, ки “ба лутфи иқдоми қотеъонаи пулис” шаби оромтареро пушти сар гузоштем. 

ин дар ҳолест, ки расонаҳои маҳаллӣ дар нахустин соати бомдоди рӯзи якшанбе аз шиддат ёфтани даргириҳо ва низ ғорати мағозаҳо дар бархе манотиқи марказии Фаронса хабар дода буданд. 

Гузоришҳое низ пештар аз вуқӯъи нооромиҳо дар шимоли ғарбии Фаронса ва низ шиддат гирифтани даргириҳо миёни мӯътаризон ва пулис дар Венисиё воқеъ дар ҳавмаи Лион мунташир шуда буд. 

Марсел ва манотиқе аз ҳавмаи Париж, ба вижа Нонтар, ки навҷавони муҳоҷири кушташуда ба дасти пулиси Фаронса дар он зиндагӣ мекард низ шаби гузашта ва бомдоди рӯзи якшанбе ҳаммонанди чанд рӯзи гузашта шоҳиди даргириҳои пароканда миёни мӯътаризон ва пулис ва низ иқдомоти хушунатомезе чун оташ задани худравҳо ва низ ғорат аз фурӯшгоҳҳо ва марокизи тиҷорӣ буд. 

Ҳушдорҳои амниятӣ барои гардишгарон 

Чандин кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Бритониё рӯзи шанбе тавсияҳо барои сафари шаҳрвандони худро ба Фаронса нашр карданд ва аз ин дастаи гардишгарон хостанд аз ҳузур дар манотиқи шӯриш ва даргирӣ дар шаҳрҳои мухталифи Фаронса худдорӣ кунанд. 

Консулгарии Чин дар Марсел низ пас аз интишори гузоришҳое дар расонаҳои давлатӣ мабнӣ бар ҳамла ба автобуси ҳомили гардишгарони ин кишвар дар Марсел аз шаҳрвандони чинӣ хост дар тӯли сафар ва иқомат дар Фаронса “ҳушёр” бошанд ва “ҷониби эҳтиёт”-ро дар пеш гиранд. 

Даргириҳо ва хушунатҳои шаҳрӣ дар Фаронса дар ҳоле панҷумин рӯзи худро пушти сар гузошт, ки Эммануел Макрон ҳанӯз ба фишори ҷараёнҳои росту рости ифротӣ барои барқарории вазъияти изтирорӣ дар ин кишвар тан надодааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *