Мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ зиёда аз 17 ҳазор нафарро барои кӯшиши адо намудани маросими ҳаҷ бидуни визаи ҳаҷ ба ҳабс гирифтанд.
Хабаргузории бо истинод аз гуфтаи раиси Кумитаи амнияти Саъудӣ, Муҳаммад Ал-Бассомӣ хабар додааст, ки дар умум, 17 ҳазору 615 нафар боздошт шудаанд. Аз ҷумла 9 ҳазору 509 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубош, кор ва амнияти марзӣ, инчунин созмондиҳандагони 105 сафари қалбакӣ ба ҳаҷ дар манотиқи мухталифи шоҳигарӣ боздошт шуда ба ихтиёри додситонӣ дода шуданд.
Ба гуфтаи Бассомӣ 202 ҳазору 695 нафаре, ки иҷозаи ҳаҷ надоштанд, аз нуқтаҳои вуруд ба Макка ва тақрибан 129 ҳазор мошине, ки иҷозаи вуруд ба Макка ва маконҳои муқаддас надоштанд, бозпас баргардонида шудаанд.
Муҳаммад Ал-Бассомӣ гуфтааст, «33 нафаре, ки ҳоҷиёнро бидуни иҷозаи сафар ба ҳаҷ овардаанд, боздошт ва ба кумитаҳои маъмурӣ супурда шуданд ва муҷозот хоҳанд шуд».
Дар ҳамин ҳол як манба аз Маккаи Мукаррама ба Паём гуфт, зоироне, ки бо визои сайёҳӣ ва ё визои ҳаҷҷи умра пеш аз мавсими ҳаҷ омада ба Макка даромадаанд, кам нестанд. Ҳазорҳо нафар тоҷикистониён низ ба хотири арзонии сафари ҳаҷ бо визои сайёҳӣ пеш аз оғози мавсими ҳаҷ ва баста шудани роҳ барои сайёҳон вориди Макка шудаанд ва адои ҳаҷҷи фарзӣ мекунанд.
Гуфтанист, ҳафтаи гузашта дар Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввараи Арабистони Саудӣ маросими адои ҳаҷҷи фарзӣ баргузор шуд ва дар он беш аз ду миллион нафар иштирок карданд.