11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар Қазоқистон як муҳоҷири тоҷик ду ҳамватанашро куштааст

Дар Қазоқистон алайҳи як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ мақомоти ин кишвар парванда боз кардаанд ва феълан ин муҳоҷири тоҷик дар ҳабс қарор дорад.

Бино ба гузориши пулиси вилояти Алмаато ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз хонаҳои шахсии шаҳри Каскелен шудааст.

Ба гуфти сардори пулиси вилояти Алмата, Бауржан Аленов, як зани қазоқистонӣ ба мақомот муроҷиат карда, аз дарёфти ҷасадҳо бо осори зарбаи корд хабар додааст.

Кормандони пулис муайян кардаанд, ки фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1989 ва 1996 мебошанд.

Таъкид шудааст, ки дар пайи гузарондани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ макони муттаҳам низ мушаххас ва худи ӯ боздошт шудаст.

Дар хабар гуфта шудааст, ки шахси муттаҳам ба қатл низ аз Тоҷикистон буда, 43 сол дорад.

Феълан муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Гуфтанист,  миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари пазирандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *