Рубрики Хабарҳо

Созмонҳои иттилоотии 3 кишвари аврупоӣ: Эрон дар пайи озмоиши бомби атомӣ аст

Фокс-нюз дар гузорише аз қавли Созмони иттилоотии 3 кишвари аврупоӣ навишт, ки Эрон бо давр задани таҳримҳо дар садади дастёбӣ ба фановарии силоҳи ҳастаӣ аст. Қасд дорад силоҳи атомии худро озмоиш кунад ва дар ҳоли афзоиши захоири ураниюми ғанишудааст. 

Фокс-нюз рӯзи якшанбе 9 июл дар гузорише навишт маҷмӯаи ҷадиде аз гузоришҳои иттилоотӣ ва ифшогаронаи аврупоӣ нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба думболи давр задани таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо барои тазмини фанноварии барномаи таслиҳоти ҳастаии худ бо ҳадафи озмоиши бомби атомӣ будааст. 

Бар асоси гузориши муассисаи таҳқиқоти расонаи Ховари Миёна (МEMRI), ки барои аввалинбор тарҷумаи асноди иттилоотиро дар веб-сайти худ мунташир кардааст, созмонҳои иттилооти Суид, Ҳолланд ва Олмон додаҳои ҳассосеро дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар мавриди фаъолиятҳои таслиҳоти ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ фош кардаанд. 

Гузориши сервиси иттилоотии Ҳолланд 

Такондиҳандатарин ифшогарӣ дар ин маҷмӯъа аз додаҳои иттилоотӣ, марбут ба сервиси амнияти умумӣ ва иттилоотии Ҳолланд (AVID) буд, ки нишон дод рушди босуръат ва ҳайратангези ғанисозии ураниум бо қобилияти таслиҳотӣ дар Эрон “гузинаи аввалини озмоиши ҳастаии эҳтимолии Эронро наздиктар мекунад.” 

Дар гузориши сервиси иттилоотии Ҳолланд омадааст: “соли гузашта, Эрон ба барномаи ҳастаии худ идома дод. Ин кишвар ҳамчунон ба афзоиши захоири ураниуми ғанишудаи 20 дарсад ва 60 дарсад идома медиҳад. Бо истифода аз сентрифужҳо, метавон аз он барои ғанисозии бештар ба ураниуми 90-дарсадии мавриди ниёз барои як силоҳи ҳастаӣ истифода кард.” 

Бар асоси ин гузориши иттилоотии Ҳолланд, “Эрон тавофуқҳоеро, ки дар чорчуби Барномаи ҷомеъи иқдоми муштараки (Барҷом) сурат гирифт, нодида мегирад ва бо истиқрори сентрифужҳои пешрафтатари ғанисозии ураниум, зарфияти ғанисозии худро афзоиш медиҳад.” 

Дар пайи хурӯҷи давлати Амрико ба раҳбарии Доналд Трамп дар соли 2018 аз тавофуқномаи Барҷом, Ҷумҳурии Исломии Эрон низ эълом кард ба тавофуқи Барҷом ва маҳдудиятҳои он пойбанд нахоҳад буд. Бо ин ҳол, мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунон таъкид мекунанд, ки хостори дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ нестанд. 

Тибқи гузоришҳо, давлати Байден ба думболи як тавофуқи Барҷоми “кучак” ва муваққат бо Ҷумҳурии Исломӣ аст. 

Ислет Савиан, мудири пружаи расонаи Эрони институти МЕМРИ мегӯяд: “воқеият ин аст, ки Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ аз талошҳои худ барои сохти силоҳи ҳастаӣ ақибнишинӣ накарда ва аз ҳар фурсате барои пешбурди тавоноиҳои фановарии худ барои ин манзур истифода карда ва солҳо ҷомеъаи байналмилалиро гумроҳ карда ва дар мавриди аҳдофи худ дурӯғ гуфтааст.” 

Ӯ меафзояд, ки Ҷумҳури Исломӣ ба ин кори худ идома медиҳад то битавонад ба остонаи дастёбӣ ба тавони силоҳи ҳастаӣ бирасад. 

Сервисҳои иттилоотии аврупоӣ пеш ва пас аз тавофуқи Барҷом дар соли 2015 ба таври мустанад гузориш дода буданд, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунон ба талошҳои худ барои дастёбӣ ба фановарии барномаҳои силоҳҳои куштори ҷамъии атомӣ, биологикӣ ва кимиёвӣ идома додааст. 

Гузориши сервиси иттилоотии Суид 

Сервиси амниятӣ ва иттилоотии Суид дар гузориши солонаи худ дар соли 2023 навишт: “Эрон дар ҳоли ҷосусии санъатӣ аст ва он даста аз фановарии пешрафта ва маҳсулоти суидиро ҳадаф қарор додааст, ки қобили истифода дар барномаи силоҳҳои ҳастаӣ ҳастанд.” 

Одам Самаро, як намояндаи Созмони амниятии Суид дар Эмеле ба Фокс-нюз Диҷитал гуфтааст: “Созмони амниятии Суид метавонад таъйид кунад, ки Эрон дар ҳоли анҷоми фаъолиятҳои таҳдидкунандаи амниятӣ дар Суид ва алайҳи манофеъи Суид аст.” 

Ин намояндаи Созмон амнияти Суид гуфт: “Созмони амниятии Суид бо шарикони байналмилалии мо ҳамкории мудовим дорад, аммо мо ба ҷузъиёти ин ҳамкорӣ ворид намешавем.» 

Фокс-нюз менависад, ҳангоме, ки аз сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар бораи ёфтаҳои иттилоотии Аврупо пурсида шуд, ӯ дар посух гуфт: “мо гузоришҳоро дидаем. Мо муддатҳост, ки нигарониҳои худро дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаӣ, мушакӣ ва таслиҳотии Эрон ва талошҳои тадорукотии вобаста бо он эълом кардаем. Тавсеа ва густариши мушакҳои баллистик таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.” 

Сухангӯи вазорати хориҷа меафзояд: “мо ба ҳамкории наздик бо муттаҳидону шарикони худ идома медиҳем то аз ҳама абзорҳои дар ихтиёрамон барои ҷилавгирӣ аз ин фаъолиятҳо, аз ҷумла аз тариқи мамнуъиятҳо, контроли содирот ва таҳримҳо истифода кунем. Дар мавриди зарфияти мушаки баллистикии Эрон ба иқдоми ҳамоҳанг барои муқобила бо он ниёз аст.” 

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) масъули назорат бар барномаи таслиҳоти ҳастаии Эрон аст. Замоне, ки аз Фредерик Дал, сухангӯи Ожонси байналмилалӣ дар бораи иттилооти аврупоиҳо савол шуд, ба Фокс-нюз Диҷитал гуфт: “дар ростои сиёсати Ожонс, мо дар мавриди чунин мавзӯъоте изҳори назар намекунем”. 

Ба гуфтаи як коршинос дар заминаи адами густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ, гузоришҳои иттилоотии аврупоиҳо аз аҳамияти болое бархурдор аст. 

Мақомоти олмонӣ чӣ мегӯянд? 

Идораи федерали ҳифозат аз қонуни асосии Олмон (Созмони амнияти дохилии Олмон) низ дар гузориши иттилоотии июни 2023-и худ ҳушдорҳое дар ин замина додааст. 

Дар ин гузориш омадааст, ки мақомоти олмонӣ тавонистаанд дар соли 2022 шавоҳиди зиёде далолаткунанда бар талошҳои тадорукотии Эрон муртабит бо густариши барномаҳои ҳастаии худ биёбанд. 

Гузориши иттилоотии Олмон густариши таслиҳотро ин гуна таъриф мекунад: “фаъолиятҳои қудратҳои хориҷӣ, ки ҳамчунин шомили таҳияи маҳсулот ва дониш барои тавлиди силоҳҳои куштори ҷамъӣ, системҳои ҳомили онҳо, таҷҳизоти дигари таслиҳотӣ ё аносири системҳои таслиҳотии ҷадид мешавад.” 

Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ нақши калидӣ дар тавсеаи барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Ҷумҳурии Исломӣ ифо мекунад. 

Дар хусуси гузориши ниҳодҳои аврупоӣ, Йоси Купервассер, генерали бознишастаи исроилӣ ба Фокс-нюз гуфтааст: “ин гузоришҳо баёнгари талошҳои пинҳонии Эрон барои кӯтоҳ кардани замони сохт ва тавлиди зарродхонаи ҳастаӣ аст, ба ин сурат, ки аз тариқи ғайриқонунӣ ба таҷҳизот ва дониши кишварҳои мухталифи аврупоӣ даст ёбанд.” 

Сухангӯи Созмони милали муттаҳид дар посух ба Фокс-нюз, ба изҳороти рӯзи 6 июл Розмари Ди Карло, муовини дабири кулли истинод кард. 

Ди Карло гуфта буд: “мо нигарон ҳастем, ки Ожонс ҳамчунон қодир ба ростозмоии захоири ураниуми ғанӣ шуда дар кишвари Эрон нест. Тахмин зада мешавад, ки дар ҳоли ҳозир маҷмӯъи захоири ураниуми ғанишудаи Эрон, беш аз бист баробари мизони муҷоз бар асос Барҷом аст. Ин шомили афзоиши миқдори ураниуми ғанишуда ба 20 дарсад ва 60 дарсад аст.” 

Фокс-нюз менависад борҳо аз намояндагии доими Эрон дар Созмон милал ва Вазорати умури хориҷаи ин кишвар барои посух ба ин мавзӯъ савол шуда аммо ҳеҷ посухе аз онҳо дарёфт нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *