Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯз душанбе ҳамзамон бо нишасти аъзои Созмони паймони Атлантики шимолӣ, бо пайвастани Шветсия ба НАТО мувофиқат кард.
Янс Столтенберг, дабири кулли НАТО асри душанбе пас аз эъломи хабари мувофиқати Урдуғон бо пайвастани Суид ба НАТО гуфт, ки парлумони Туркия ба зудӣ марҳилаҳои қонунти таъйидт узвиятро баррасӣ хоҳад кард.
Ӯ афзуд, ки Урдуғон поротоколи пайвастани Шветсия ба НАТО-ро ба парлумони Туркия ирсол ва тасвиби онро тазмин хоҳад кард.
Столтенберг, ки дар Вилнюс, пойтахти Литва сухан мегуфт, ин хабарро пас аз мизбонии нишасте миёни Раҷаб Таййиб Урдуғон ва Олаф Кристерсон, нахуствазири Суид эълом кард.
Дабири кулли НАТО ҳамчунин дар бораи музокироти ин ду мақоми аршад гуфт: “Суид ва Туркия барои расидагӣ ба нигарониҳои амниятии машрӯъи Туркия, бо якдигар ҳамкории наздиктаре хоҳанд дошт.»
Ӯ афзуд: “ба унвони бахше аз ин раванд, Суид қонуни асоси худро ислоҳ карда, қавонини худро тағйир дода, амалиёти зиддитеррористии худро ба таври қобили таваҷҷуҳе алайҳи Ҳизби коргарони Курдистон густариш дода ва содироти таслиҳоти худ ба Туркияро аз сар гирифтааст.”
Янс Столтенберг ин тасмими Туркияро “гоме таърихӣ” тавсиф кард, аммо бо ин вуҷуд афзуд, ки наметавон “таърихи равшане” барои поёни ин пружа ва пайвастани Суид ба ин иътилофи низомӣ эълом кард.
Пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин, Суид ва Финланд хостори пайвастан ба Созмон паймони Атлантики шимолӣ шуда буданд аммо Туркия ба унвони яке аз аъзои ин созмон, аз пайвастан Суид ҷилавгирӣ кард.
Беш аз як сол аст, ки Туркия дар муқобили пайвастани Суид ба НАТО муқовамат мекунад ва Анқара мувофиқати худро ба ихроҷи фаъолони сиёсии зидди давлати Туркия аз Суид машрут кардааст.
Урдуғон ҳамчунин пеш аз ин гуфта буд дар сурате, ки Иттиҳодияи Аврупо роҳи узвияти Туркияро боз кунад бо пайвастани суид ба НАТО мувофиқат мекунад.
Туркия ва Маҷористон дар ҳоли ҳозир танҳо ду узви НАТО ҳастанд, ки ҳанӯз дархости узвияти Суидро таъйид накардаанд.
Столтенберг дар посух ба савол дар бораи мухолифати Будапешт низ гуфт: “Маҷористон ба сароҳат эълом кардааст, ки намехоҳад охирин тарафе бошад, ки протоколи илҳоқро тасвиб мекунад… Бинобарин фикр мекунам ин мушкил ҳал хоҳад шуд.”
Фишор бар Урдуғон
Шабакаи хабарии CNN-и Амрико менависад, ки мувофиқати Урдуғон бо ин илҳоқ дар пайи афзоиши фишорҳо аз сӯи Аврупо ва Иёлоти муттаҳида мумкин шудааст.
CNN ҳамчунин ин хабарро як пирӯзии бузург барои Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дониста, ки пештар итминон дода буд, ки Суид алорағми мухолифати Туркия, дар нишасти Вилнюс ба эътилофи НАТО хоҳад пайваст.
Байден дар ҷараёни як гуфтугӯи телевизионӣ гуфта буд: “Туркия ба думболи навсозии новгони (флоти) ҳавопаймоҳои F-16 ва Юнон низ ба думболи касби кумаки бештар аст. Ман низ талош дорам бо тақвияти зарфияти низомии Юнон ва Туркия, ҳамчунин иҷозаи вуруди Суид, НАТО-ро дар он минтақа тақвият кунам.”