Рубрики Хабарҳо

Хабарнигори тоҷике, ки шоҳиди тирпарронии Рустам Ашуров буд, ҳодисаро қисса кард

Барно Бегматзода, хабарнигори тоҷик шоҳиди ҳодисаи тирпарронӣ дар фурӯдгоҳ аз ҷониби Рустам Ашӯров шудааст. Худи ӯ аз дасти пулису амнияти Тоҷикистон фирор карда, то боздошт ва зиндонӣ нашавад, аммо наздик буд дар фурӯдгоҳ аз дасти собиқ пулис кушта шавад.  

Ин журналисти тоҷик мегӯяд баъди як гузоришаш аз марги тоҷикон дар Укроин ва даъваташ аз мақомоти Тоҷикистон, ки шаҳрвандони кишварро ба ҷанги Укроин нафиристанд, мавриди таъқиби Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи амнияти миллӣ қарор гирифтааст ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Барои наҷоти худ аз таъқиби КДАМ ва зиндаятим насохтани фарзандаш, ӯ тасмим гирифтааст ба самти Аврупо фирор кунад. Масири ҳаракати ӯ тариқи Туркияву Молдоваву Укроин буда, ки аз қазо ӯ ҳамроҳ бо Рустам Ашӯров, “тирандози Кишинев” дар як ҳавопаймо аз Истамбул ба Кишинев парвоз мекунад. Аммо онҳоро ба ин шаҳр роҳ намедиҳанд ва барои баргардонидан ба Истамбул дар толори фурӯдгоҳ нигоҳ медоранд.

Барно дар мусоҳибааш бо хабаргузории News Maker-и Молдова мегӯяд “ман ӯро дар ҳавопаймо надида будам, танҳо баъди манъ шуданам аз вурду ба Кишинев дар толор дидам. Ӯ хеле асабӣ буд ва бетоқатона ин тараф — он тараф қадам мезад. Аз ҳаракатҳояш фикр кардам ё пулис ва ё кадом муҳофиз аст”. 

Ба гуфтаи ин хабарнигор, як корманди пулис бо ӯ ҳудуди даҳ дақиқа сӯҳбат мекунад ва сабаби ба Кишинёв омаданашро мепурсад. Вақте мефаҳмад, ки ӯ хабарнигор аст, мегӯяд “шумо барои рафтан ба Укроин бояд даъватном адошта бошед. “Ин вақт ба ман даъватнома равон карданд ва ман онро ба пулис нишон додам. Ӯ гуфт, ки шумо ҳоло мемонед ва дигаронро ба Истамбул гусел мекунем. Баъди ин Рустам ба назди ман омада хоҳиш кард ба он пулис пул пешниҳод кунам, то ӯро низ иҷозаи вуруд диҳанд. Ман гуфтам агар чунин кунам маро щам щамрощи шумо истирдод мекунанд”.

Барно Бегматзода мегӯяд вақте пулис истирдодшудаҳоро раҳбаладӣ мекард, Рустам муште ба чеҳрааш мезанаду пулисро аз по меафтонад. “Сипас таппончаи ӯро гирифт ва шурӯъ ба тирпарронӣ кард. Ман зуд кӯдакамро бардошта аз онҷо фирор кардам. Агар фирор намекардам, шояд маро ҳам мепаронд, чун ба фикрам дигар барояш фарқ надошт киро мекушад”, — қисса мекунад хабарнигор.

Баъди аввалин тирпарронӣ ҳудуди ним соат хомӯшӣ мешавад ва Барнову кӯдакашро ҳамроҳ бо мусофирони дигар ба боғ мебаранд. Зоҳиран ин кор қабл аз шурӯъи амалиёти нерӯи махсуси пулис суат мегирад, чун хабарнигори тоҷик за тирпаррониҳои дигар қисса намекунад. 

Ба нақли ӯ, пулиси Молдова ӯро ҳамсари Рустам Ашӯров фикр мекунад, вале Барно бо нишон додани ҳуҷҷатҳо ва телефони ҳамроҳаш, собит месозад, ки “тирандози Кишинев”-ро намешинохт.

Ҳоло хабарнигори тоҷик дар яке аз лагерҳои нигоҳдории муҳоҷирон дар Молдова қарор дорад. Ӯ мегӯяд агар ба Тоҷикистон баргардад ҳатман зиндонаш мекунанд ва шояд як умр дар зиндон бимонад.

“Ман намехоҳам худам зиндонӣ шаваму кӯдакам ба хонаи бепарасторон фиристода шавад” — мегӯяд ӯ.

Гуфтугӯи Барно Бегматзода бо хабаргузории News Maker-ро инҷо бубинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *