Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар шаш моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) мамлакат ба 54,2 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум бошад, дар давраи ҳисоботӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад.
Бонки авруосиёии рушд низ дар Гузориши макроиқтисодии моҳи июли худ афзоиши ММД Тоҷикистонро 8,2 дарсад гуфтааст. Муаллифони гузориш сатҳи баланди рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо “талаботи зиёди дохилӣ” шарҳ медиҳанд. Ба навиштаи онҳо, дар 5 моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои чакана ба андозаи 14,8% ва ҳаҷми сармоягузорӣ — 29,1% зиёд шудааст.
Дар Гузориш гуфта мешавад, ба ҷараёни умумии рушди иқтисод ҳамаи соҳаҳои асосии истеҳсолӣ саҳми мусбат мегузоранд: дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсол 12,6%, саноат — 22,8% афзуда, дар соҳаи нақлиёт ҳаҷми боркашон 7,8% ва мусофиркашонӣ — 50% зиёд шудааст.
Бонки миллӣ бошад таъкид карда, ки меъёри бозтамвил, ки “фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилию берунӣ ба иқтисодиёт бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ таҷдиди назар гардида, то ба 10,0 фоизи солона паст карда шуд”.
Бонки миллӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар даъват кардааст, ки “барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиши амалиётҳои нақдӣ ва кам намудани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Инчунин корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият дода, инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст бо роҳи афзудани шумораи воситаҳои электронии пардохтӣ, васеъ намудани шабакаи POS-терминалҳо, QR-рамзҳо, зиёд кардани теъдоди истифодабарандагони зами-мабарномаҳои мобилӣ, ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ тавсеа бахшанд”.
Ҳамзамон «Амонатбонк» муваззаф гардидааст, ки ҳамкорӣ ва ҳамгироии мутақобиларо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдии ҳама намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ таъмин намояд.