Рубрики Хабарҳо

Шаҳбоз Шариф идораи Покистонро моҳи оянда ба як ҳукумати муваққат месупорад

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон эълом кард, ки моҳи август, қабл аз баргузории интихоботи умумии ин кишвар, аз қудрат канор хоҳад рафт ва идораи кишварро ба як ҳукумати муваққат вогузор хоҳад кард. 

Ӯ гуфт, ки интихоботи умумии Покистон дар моҳи “октябр ё ноябр” баргузор хоҳад шуд. 

Шаҳбоз Шариф рӯзи панҷшанбе,13 июл гуфт умри ҳукуматаш дар 14 август ба поён мерасад ва дар ин моҳ, “мо масъулиятро ба ҳукумати муваққат хоҳем супурд”. 

Шариф дар як суханронӣ, ки аз тариқи телевизионҳои Покистон пахш шуд, бо ишораи кинояомез ба ҳукумати Умрон Хон гуфт: “мо харобиҳои чаҳорсолаи ҳукумати қаблиро дар 15 моҳ пок кардем ва оташеро, ки ба ҷони сиёсат, иқтисод ва равобити хориҷии мо афтода буд, хомӯш кардем.” 

Ӯ гуфт мӯътақид аст, ки Покистон метавонад бо кори шабонарӯзӣ аз тавтеаҳое, ки бо он рӯ ба рӯст берун биёяд. 

Нахуствазири Покистон аз Чин, Арабистони саудӣ ва Амороти муттаҳидаи арабӣ барои ҳамкории “содиқона” бо Покистон дар даврони сахти он ташаккур кард. Шариф афзуд, ки ҳукумати ӯ низ барномаи ҷомеъе барои беҳбуди вазъияти иқтисодии Покистон тадвин кардааст Шаҳбоз Шариф, ки дар маросими бунёдгузории Сандуқи кӯмак барои омӯзишу парвариш дар Исломобод сухан мегуфт, эълом кард: “давраи ҳукумати мо дар 14 август ба поён мерасад ва комиссияи интихобот тасмим хоҳад гирифт, ки интихобот чӣ замоне баргузор шавад, дар моҳи октябр ё ноябр.” 

Шариф гуфт: “баъд аз интихобот, ҳар касе, ки ҳукумати баъдиро ташкил медиҳад, бояд омӯзишро дар авлавияти кории худ қарор диҳад то битавонад ин миллатро пешрафт диҳад.” 

Маҷлиси намояндагони Покистон Шаҳбоз Шариф, раҳбари ҳизби Муслим Лиг шохаи Навозро дар моҳи марти 2022 ба унвони бистусавумин нахуствазири ин кишвар интихоб кард. Шаҳбоз Шариф, бародари кӯчаки Навоз Шариф аст, ки се давра дар Покистон нахуствазир будааст. 

Пеш аз он, Умрон Хон, раҳбари Ҳизби таҳрики инсоф, нахуствазир Покистон буд, ки бо раъйи адами эътимоди Маҷлис аз қудрат канор рафт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *