Рубрики Хабарҳо

Диктатори исломситез боз вориди Каъба мешавад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои ширкат дар Саммити нахустини сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ бо сафари дурӯза ба Арабистони Саудӣ меравад.

Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зуҳри 18 июл ба Саудӣ парвоз мекунад ва сафар то 19 июл идома мекунад. Эҳтимол дорад Раҳмон бори дигар умра кунад.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳукумат ба Макка ҳам сафар карда, маносики умраро адо хоҳанд кард, аммо сухангӯи раисҷумҳур ин хабарро тасдиқ ё рад накард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле чаҳор маротиба ҳаҷҷи умраро адо карда ва ду маротиба ҳам дохили хонаи Каъба шудааст, ки гуфта мешавад намоз намехонад. Ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ масҷиди Тоҷикистон адои намоз накардааст ва намозхонии ӯ ба ҷузъ дар як сафари умрааш ҳамроҳ бо муфтии Тоҷикистон, ҳаргиз сабт нашудааст. Дар он сабт ҳам дида мешавад Эмомалӣ Раҳмон оддитарин рукнҳои намозро намедонад ва танҳо аз паси имом, он ҳам бо таъхир, адо мекунад.

Вуруди диктотурҳое мисли Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон ба дохили хонаи Каъба ҳукумати Арабистони Саудиро зери интиқоди шадиди мухолифини кишварҳо ва худи Саудӣ рафта буд. Мунтақидон мегӯянд ҳукумати Саудӣ бо иҷозаи вуруди диктотурҳое, ки алайҳи ислом мубориза мебаранд, на танҳо ҳурмати Каъбаро ҳатк карда, балки ҳаҷи онҳоро сиёсӣ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *