Вазорати дифоъи Чин рӯзи якшанбе эълом кард, ки чанд шиновари нерӯи баҳрии ин кишвар барои анҷоми размоиши муштарак ба нерӯҳои баҳрӣ ва ҳавоии Русия дар баҳри Ҷопон мепайванданд.
Пекин ҳадаф аз ин размоишро “ҳифозат аз амнияти масирҳои баҳрии роҳбурдӣ” унвон кардааст. Ин размоиши низомӣ дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки Русия дар ҳоли набард бо нерӯҳои укроинӣ дар шарқу ҷануб ин кишвар аст.
Новгони (флоти) баҳрии Чин муташаккил аз панҷ нов (киштии ҷангӣ) ва чаҳор чархбол бо қобилияти фуруд бар рӯйи киштии ҷангӣ аз бандари Чэнду дар шарқи ин кишвар ба сӯи баҳри Ҷопон ҳаракат карданд.
Ин барои аввалин бор аст, ки ҳар ду нерӯи баҳрӣ ва ҳавоии Русия дар размоиши низомӣ дар баҳри Ҷопон ширкат мекунанд.
Ду нови русӣ, ки дар ин размоиши муштарак ширкат хоҳанд дошт пеш аз ин ба таври ҷудогона дар Шонгҳой бо нерӯи баҳрии Чин тамрини низомӣ анҷом дода буданд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Си Ҷинпин, ҳамтои чинии ӯ чанд рӯз пеш аз оғози таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар соли 2022 эълом карда буданд, ки широкати ду кишвар барои муқобила бо нуфузи Амрико “номаҳдуд” аст. Ҳамкории низомӣ бахше аз ин шарокати “номаҳдуд” унвон шуда буд.
Мақомҳои низомии ду кишвар низ тайи ҳафтаҳои гузашта бар лузуми тақвияти ҳамкориҳои низомӣ таъкид карда буданд.