Боздошти як мард барои фиреби ҳаҷравҳо
Вазорати корҳои дохила аз боздошти сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан дар қаллобӣ хабар дод. Ӯ ба ду нафар ваъда додааст, ба ивази 180 ҳазор сомонӣ онҳоро дар рафтан ба ҳаҷ кумак мекунад, аммо ваъдаашро иҷро накардааст.
Тибқи иттлоъи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин мард моҳи январи соли ҷорӣ “ба боварии сокини 27-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ 109 ҳазору 934 сомонӣ мегирад ва ваъда медиҳад, ки падару модари ӯро ба ҳаҷи фарзӣ мефиристад, лекин ваъдаашро иҷро намекунад”.
Моҳи июни соли равон ӯ бо ҳамин тарз ба боварии марди 67-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ бо ваъдаи мусоидат барои ба ҳаҷи фарзӣ фиристодан 70 ҳазор сомонӣ мегирад, вале боз ҳам ба ваъдааш вафо намекунад.
Дар хабари Вазорат гуфта мешавад, дар натиҷа ба номбурдагон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Хотиррасон мекунем, тибқи “Паём” имсол ҳудуди 20 то 23 ҳазор тоҷик ҳаҷ кард, ки ҳамагӣ 7000 нафари онҳо тариқи квотаи Саудӣ ба Тоҷикистон ҳоҷӣ шуданд. 12 то 15 ҳазор нафари онҳо тариқи квотаи Русия ва ҳади ақал 2000 нафарашон бо роҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ ҳаҷ карданд.