Рубрики Хабарҳо

Русия дар пули Крим вазъияти изтирорӣ эълон кард

Сергей Аксенов, фармондори вобаста ба Русия дар Крим аз вазъияти изтирорӣ дар пули ин нимҷазира хабар дода ва аз мардум хостааст убур ва мурур аз онро мутаваққиф кунанд. 

Хабаргузории ТАСС ҳам ба нақл аз мақомоти Русия гузориш дода, ки як зан ва як мард рӯй пул Крим ҷон бохтанд. 

Русия иллати ҳодисаро ҳамлаи ду паҳподи укроинӣ эълом кардааст. Расонаҳои укроинӣ ҳам аз шунида шудани садои инфиҷор бар рӯйи пули Крим хабар додаанд. 

Вазорати ҳамлу нақли Русия таъйид кардааст, ки қисмате аз пули нимҷазираи Крим осеб дидааст. Кумитаи миллии зиддитерористии Русия хабар дод, ки ҳамла ба пули Қрим ба воситаи ду бесарнишини неруҳои украинӣ анҷом шудааст. Расонаҳои украинӣ аз қавли манобеашон навиштанд, ҳамларо артиши Украина ва Хадамоти амнияти ин кишвар ҳамоҳанг кардаанд.

Дертар аксҳое нашр шуданд, ки нишон медиҳанд қисмате аз пули Крим фурӯ рафтааст.

ТАСС, хабаргузории давлатии Русия навиштааст, ки ҳанӯз иттилооти расмӣ дар мавриди иллати вазъияти изтирорӣ вуҷуд надорад. 

Русия нимҷазираи Кримро сол 2014 ба хок худ пайваст кард. 

Русия пештар эълом карда буд, ки аз террори устондори ҷазираи Крим ҷилавгирӣ кардааст. Хадамоти амнияти Русия эълом кард, ки Укроин як мард русро истихдом карда буд то мошини Сергей Аксенов, устондори Кримро мунфаҷир кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *