Анналена Бербок, вазири хориҷаи Олмон дар остонаи сафар ба Ню-Йорк хоҳони тағйир дар қавонини байналмилалӣ шуд ба тавре, ки имкони муҷозоти мақомоти кишваре, ки ба хоки як кишвари дигар ҳамла кардааст, пайдо шавад. Ў аз имкони муҷозоти Путин ба далели ҳамла ба Укроин сухан гуфт.
Бербок гуфт: “дар қарни 21 ҳеҷ кас иҷоза надорад як ҷанги таҳоҷумӣ роҳандозӣ кунад ва бидуни муҷозот бимонад.”
Вазири хориҷаи Олмон қарор аст дар Ню-Йорк дар маросими бисту панҷумин солгарди таъсиси додгоҳи байналмилалии кайфарӣ дар Созмони милал ширкат кунад. Ў ҳамчунин дар Шӯрои амнияти Созмони милал суханронӣ хоҳад дошт.
Бербок дар идомаи суханонаш пеш аз сафар ба Ню-Йорк гуфт: “аз нигоҳи ҷинояткор додгоҳи байналмилалии кайфарӣ як шамшери тез аст. Аз нигоҳи қурбонӣ, ин ниҳод умеде аст барои он ки ранҷи ӯ бепосух намемонад. Ба ҳамин далел шикоф дар иҷрои қонун ба таври хос осебзанандааст.”
Вазири хориҷаи Олмон таъкид кард, ки ҳуқуқи байналмилал бояд тавре тағйир кунад, ки бозтобе аз воқеиёти дар қарни 21 бошад.
Ҳаққи ветои Русия
Дар сафар ба Ню-Йорк, номзади олмонии қозии додгоҳи байналмилалӣ Гаага, Ута Ҳоҳовф, Бербокро ҳамроҳӣ мекунад. Бербок дар моҳи январ низ аз додгоҳи Гаага дидан карда ва пешниҳод дода буд, ки сохтори ҳуқуқии ин ниҳод, ки бар мабнои асосномаи Рим аст, тағйир кунад то амали муҷримонаи ҳамла ба як кишвар битавонад бидуни маҳдудият таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирад ба шарте, ки вазъияти кишваре, ки мавриди ҳамла қарор гирифта, дар салоҳият ва чаҳорчуби кории додгоҳ қарор дошта бошад.
Дар ҳоли ҳозир танҳо Шӯрои амнияти Созмони милал метавонад нақши додгоҳро ифо кунад зеро на Русия ва на Укроин узви додгоҳи байналмилалии кайфарӣ нестанд. Дар Шӯрои амният низ Русия ҳаққи вето дорад ва ҳар гуна раъйи мухолиф алайҳи худро метавонад вето кунад.
Бербок ҳамчунин аз ин пешниҳод ҳимоят кард, ки раҳбари Русия аз тариқи як додгоҳи вижа бинобар ҳамла ба Укроин посухгӯ шавад. Чунин додгоҳе бояд бар асоси қавонини Укроин бошад. Ниҳодҳои байналмилалии ширкаткунанда дар чунин додгоҳе метавонанд шомили як макон дар хориҷ аз кишвар, қозиён ва додситонҳои байналмилалӣ ва як қатъномаи ҳимоятӣ аз сӯи маҷмаъи умумии Созмони милал бошанд.
Ба гуфтаи давлати федерали Олмон, мавзеъи ин кишвар дар ин мавзӯъ бо дигар кишварҳои G-7 ва теъдоди зиёде аз аъзои Иттиҳодияи Аврупо муштарак аст.
Аъзои гурӯҳи G-7 илова бар қудрати иқтисодӣ, аз ҷумла кишварҳои демократик низ ба шумор мераванд, ки шомили Олмон, Фаронса, Италия, Ҷопон, Канада, Амрико ва Бритониёст.
“Кудакрабоӣ нишонаи барбарияти (ваҳшонияти) Русия”
Анналена Бербок дар бахши дигаре аз суханонаш ба рабудани кӯдакони укроинӣ тавассути нерӯҳои Русия ва интиқоли онон ба хоки Русия ишора кард ва гуфт: ваҳшонияти ҷанги Русия беш аз ҳар чиз худашро дар сарнавишти ҳазорон кӯдаке нишон медиҳад, ки аз Укроин ба Русия қочоқ шудаанд. Ин кӯдакон на танҳо кӯдакияшон балки ояндаву ҳувияташон низ тавассути Русия рабуда шудааст.”
Ба гузориши мақомоти укроинӣ наздик ба 20 ҳазор кӯдак аз тариқи ниҳодҳои русӣ аз Укроин ба хоки Русия мунтақил шудаанд. Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ ба ҳамин далел дар миёнаи моҳи март алайҳи Путин ва масъули ҳуқуқи кӯдаки Русия, Мария Лвова-Белова ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ҳукми боздошт содир кард.
Ба далели судури ин ҳукм барои Путин, нишасти ояндаи гурӯҳи БРИК, ки қарор аст 22 то 24 август дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шавад, аз ҳоло бо таниш ҳамроҳ шудааст зеро агар Путин дар ин нишаст ширкат кунад, метавонад дастгир шавад. Илова бар Русия, Бразилия, Ҳинд, Чин ва Африқои ҷанубӣ дар гурӯҳи БРИК узвият доранд.
Илова бар ин, додгоҳи Гаага кӯтоҳзамоне пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин дар моҳи феврали соли гузашта, таҳқиқот дар бораи ҷинояти ҷангӣ дар Укроинро оғоз кард. Додситони аршади додгоҳи кайфарии Гаага, Карим Хон, гурӯҳи бузургеро барои таҳқиқ дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ ба Укроин фиристода ва ҳамчунин як дафтари бузург дар Киев боз кардааст.