Мақомоти Укроин аз ҳамалоти сангини Русия дар шаби гузашта ба нуқоте дар саросари Укроин хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо шаҳри бандарии Одесса дар ҷануби Укроин низ барои дувумини шаби пайиҳам ҳадафи ҳамалоти шадиди мушакӣ ва паҳподии ин кишвар буд.
Мақомоти укроинӣ ҳамчунин мегӯянд, ки нисбат ба гузашта ва дар пайи ташдиди ҳамалот, паҳподҳо ва мушакҳои бештареро ба манотиқи бештаре аз Укроин фиристодаанд.
Сергей Попако, раиси идораи низомии шаҳри Киев, пойтахти Укроин низ дар баёнияе дар телеграм эълом кард: “шаби сахти ҳамалоти ҳавоӣ барои тамоми Укроин”. Ў афзуд, ки Русия бо паҳподҳои “Шоҳид” сохти Эрон низ ба Киев ҳамла кард, аммо ин ҳамалот “бидуни натиҷа” буд.
Падофанди ҳавоии Укроин тамоми ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинеро, ки ба самти пойтахт шиллик шуда буданд, раҳгирӣ кард ва таҳқиқоти аввалия нишон дод ин ҳамалот талафоти ҷонӣ надоштааст.
Дар баёнияи артиш омадааст, ки неруи ҳавоии Укроин 13 мушак аз 16 мушаки болдори Калибр, ҳамчунин 23 фарванд аз 32 фарванд паҳподи “Шоҳид” ва як мушаки КН-59ро раҳгирӣ кардааст.
Бар асоси ин баёния, Русия ҳамчунин 8 мушаки болдори КН-22 ва 6 мушак Оникс бо диққати боло низ шиллик карда, ки ҳадаф мушакҳои Оникс зерсохтҳои минтақаи Одесса буданд.
Дар минтақаи Житомири Укроин низ ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин Русия ба бархе аз зерсохтҳо ва хонаҳои шахсӣ осеб расонд, аммо талафоти ҷонӣ гузориш нашудааст.
Мақомот дар манотиқи укроинии Полтава ва Кировоградский низ аз ҳамалоти неруҳои Русия хабар доданд.
Маскав як рӯз пеш аз ин низ дар чаҳорчӯби ҳамалоте, ки Вазорати дифоъи Русия онро посухӣ номид, ба таъсисоти низомии Укроин дар наздикии Одесса ва шаҳри соҳилии Миколаев ҳамла кард.