Сокинони Ромит ҷасади як зан бо кӯдакашро аз об берун оварданд (Навор)
Як зани сокини деҳаи Сорвои ноҳияи Ваҳдат ҳамроҳ бо ду кӯдакаш худро ба дарё андохтааст. Мардум танҳо дар 20-километрии ин деҳа, дар Ромит тавонистанд ҷасади ӯву як кӯдакашро берун кашанд.
Шахсияти зан ва сабаби худкушии ӯ маълум нест. Дар наворе, ки корбарон ба “Паём” фиристоданд, ки аз рӯи пул сабт шудааст, ҷасади дар об шинокунандаи зан дида мешавад.
Дар наоври дигар дида мешавад, ки ҷавононе бо тӯри моҳигирӣ ҷасади занро аз об мегиранд ва бо машаққат берун мекашанд.
Ҷасади кӯдаки дувуми зан то ҳол пайдо нашуда ва то шоми дирӯз сокинони чанд деҳа ҷустуҷӯяшро идома доданд.
Солҳои охир худкушии занон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Бори аввал нест, ки як зан ҳамроҳ бо кӯдаконаш қасди худкушӣ мекунад.