Рубрики Хабарҳо

Ҳамалоти сангини ҳавоии Русия ба Укроин, ҳамзамон бо баргузории гуфтугӯҳои сулҳ дар Риёз

Дар ҳоле, ки Арабистон мизбони гуфтугӯҳои сулҳи Киев ва Маскав аст, нерӯи ҳавоии Укроин аз ҳамалоти сангини мушакӣ ва паҳподии Русия алайҳи Укроин дар шаби шанбе, 5 август хабар дод. Нерӯи ҳавоии Укроин гуфт 30 мушак аз 40 мушаки Русия ва тамоми паҳподҳои ин кишварро сарнагун кардааст. 

Ин мушакҳо ва паҳподҳо тайи чандин ҳамла дар шомгоҳи шанбе (5 август) партоб шуда буданд. 

Нерӯи ҳавоии Укроин эълом кард, ки ин нерӯ муваффақ шуд 30 мушаки болдор ва 27 паҳподро нобуд созад. 

Ҳамчунин бар асоси гузориши ин нерӯ, Русия дар ҳамлаи ахир аз се мушаки мофавқи садо истифода кард, ки мушаххас нест Укроин тавониста онҳоро сарнагун кунад ё на. 

Хабаргузории Рейтерз ба нақл аз расонаҳои маҳаллии Укроин навишт, ки як коргари шуғл дар як анбори ғалла дар ҳамлаи шаби гузашта захмӣ шуд. Ин анбор дар минтақае дар ғарби Укроин, дур аз хатти муқаддами ҷанг воқеъ аст. 

Ҳамалоти Русия ба марокизи нигаҳдории ғаллаи Укроин аз замони поёни тавофуқи содироти ғаллаи Укроин ташдид шудааст. 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин эълом карда, ки дар ҳамла ба як маркази интиқоли хун дар шаҳри Купянск, теъдоде аз афрод кушта ва захмӣ шудаанд. 

Ӯ шомгоҳи шанбе гуфт, ки неруҳои имдодӣ дар ҳоли хомӯш кардани оташ дар маҳал буданд ва ин ҳамларо “ҷинояти ҷангӣ” тавсиф кард. Зеленский ҷузъиёте аз теъдоди талафоти ин ҳодиса зикр накард. 

Русия ҳадаф қарор додани амдии ғайринизомиёнро дар таҳоҷуми тамомайёри худ алайҳи Укроин рад мекунад. 

Ин дар ҳоле аст, ки таҳоҷуми Русия ба Укроин то кунун мунҷар ба кушта шудан ҳазорон нафар ва овора шудани миллионҳо нафари дигар шудааст. 

Ҳамзамон бо эъломи ҳамалоти Русия алайҳи Укроин, хабаргузории ТАСС-и Русия гузориш дод, ки фурудгоҳи Внуковои Маскав рӯзи якшанбе парвозҳои худро ба далоили номушаххаси хориҷ аз контроли худ мутаваққиф кард. 

Ин фурудгоҳ пештар низ парвозҳои худро ҳангоме, ки пойтахти Русия мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифт, лағв карда буд. 

Ин таҳаввулот дар ҳоле аст, ки мақомоти аршади ҳудуди 40 кишвар аз ҷумла Амрико, Чин ва Ҳинд аз рӯзи шанбе дар Арабистони саудӣ ҳузур доштанд то дар бораи як тавофуқи эҳтимолӣ бар сар усули асосии сулҳи эҳтимолӣ миёни Русия ва Укроин гуфтугӯ кунанд. 

Рейтерз навишт, ки ин нишасти дурӯза бахше аз фишори диплумотики Укроин барои ҷалби ҳимояти фаротар аз ҳомиёни аслии ғарбии худ аст. 

Раисҷумҳури Укроин эълон кард, ки ихтилофоте миёни кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Ҷида вуҷуд дорад, аммо ба ақидаи ӯ, “назми байналмилалии мубтанӣ бар қавонин”-и байналмилал бояд эҳё шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *