Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола, як сарбози қисми ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ воқеъ дар ноҳияи Масчоҳ ба таври мармузе ҷон бохтааст. Мақомот иддао кардаанд ӯ рӯзи 4 август дар долони қисми ҳарбӣ афтода, ҷон бохтааст, вале волидони Абубакр ба ин иддао бовар надоранд.
Онҳо гуфтаанд Абубакр дар пушти сараш “доғи зарби сахт” доштааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, менависад ҷасади сарбозро рӯзи 5 август дар зодгоҳаш, деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич, баъди ташхиси тиббӣ ба хок супоридаанд.
Наздиконаш гуфтанд, ки Абубакр Ҳусейнзода як фарзанд дорад ва баҳори имсол пас аз хатми Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд “довталабона” ба артиш рафта буд.
Мурод Ҳусейнов, падари сарбози фавтида гуфтааст, писараш дар қисми марзбонӣ, воқеъ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчоҳ хидмат мекард. “Як ҳафтаи охир бисёр афсурда буд ва зиёд хоҳиш мекард, ки ӯро ба дигар қисми низомӣ кучонем. Вақте рӯзи 4-уми август тағояш ба дидораш рафтааст, сардораш гуфтааст, ки Абубакр дар беморхона аст ва каме баъдтар аз маргаш хабар додаанд,”-гуфт ӯ.
Мақомот расман ҳодисаи марги сарбозро шарҳ надодаанд, вале ҳангоми супурдани ҷасад сардори қисми марзбонӣ гуфтааст, Абубакр “дар долони бинои қисми низомӣ ногаҳон афтод ва мурд.” Падари сарбози фавтида ба ин бовар надорад ва мегӯяд, дар пушти сар ва гардани писараш осори зарб намоён буд.
Сангинов Бобосангин, раиси деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич гуфта, ки “ҳоло прокуратураи ҳарбӣ тафтиш дорад ва интизори хулосаи онҳо ҳастем.”
Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Масчоҳ ва Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич, ки дар маросими ҷанозаи Абубакр Ҳусейнзода ширкат доштаанд, ба пайвандонаш ваъда додаанд, ки ҳодиса одилона таҳқиқ хоҳад шуд.
Наздикони сарбози фавтида мегӯянд, феълан ду ҳамхидмати Абубакр боздошт шудааст, вале тафсилоти дигаре дар даст надоранд.
Абубакр Ҳусейнзода, фарзанди нахустини хонадон, Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси ҳисобдор хатм карда, моҳи май ихтиёран ба артиш рафтааст. Ӯ ният доштааст, ки пас аз хидмат дар артиш дар бонкҳои маҳаллӣ кор кунад.
Марги сарбозони тоҷик дар сафи неруҳои мусаллаҳ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо мушоҳида шудааст. Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон мушкили кӯҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад. То кунун даҳҳо сарбоз барои латту кӯби ҳамхидмат ё зердаст муҷозот шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби «риоят нашудани оинномаи низомӣ» бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи ҳукумат, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад. Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд.