Ҳафтномаи Санди Таймз, чопи Лондон, дар гузорише хабар додааст, ки Суэлла Браверман, вазири кишвари Бритониё, Сипоҳи Посдорони инқилоби исломиро “бузургтарин таҳдид” алайҳи амнияти миллии Бритониё қаламдод мекунад.
Дар ин гузориш ба нақл аз манбаъе наздик ба хонум Браверман омадааст, ки ӯ нигарон аст, ки Сипоҳ фаъолиятҳояшро ташдид карда ва ҷосусҳои эронӣ дар ҳоли ба кор гирифтани гурӯҳҳои табоҳкор барои ҳамла ба мухолифони ҷумҳурии исломӣ ҳастанд.
Ин манбаъ, ки ҳувияташ фош нашуда, ба The Sunday Times: гуфта: “таҳдиди Эрон бештар аз ҳар чизи дигаре моро нигарон мекунад. Мавзӯъи бузурге аст, чун онҳо доранд таҳоҷумитар амал мекунанд ва иштиҳояшон бештар шудааст.”
Чанд моҳи пеш пулиси зидди тероризми Бритониё эълом кард, ки 15 тавтеа бо маншаи Эрон шиносоӣ ва хунсо шудааст.
Миёнаи феврали соли ҷорӣ, раиси пулиси зидди тероризми Бритониё, бо ҳушдор дар бораи афзоиши тавтеаҳое, ки аз тарафи қудратҳои хориҷӣ тарроҳӣ шудаанд, аз 15 мавриди нақшаи қатл ё одамрабоӣ, ки сарчашмаи онҳо аз Эрон меомада, хабар дод. Ба гуфтаи Мат Ҷокс, зарфи ду соли гузашта мавридҳои тавтеаҳои кишварҳои дигар дар Бритониё чаҳор баробар шудааст.
Ҷокс гуфт: “таҳдиде, ки аз тарафи Эрон мутаваҷҷеҳи мо аст хатари бисёр муассир ва ҷиддӣ аст.”
Ӯ афзуд: “намегузорем ин давлатҳо пеши чашмони мо алайҳи касоне, ки мухолифи худ медонанд ба ситезаҷӯйӣ, озору хушунат даст бизананд.”
Ба ҷуз фаъолони сиёсии мухолифи ҳукумат, рӯзноманигорони форсизабони хориҷ аз кишвар ҳам ҳадафи ин тавтеаҳо будаанд. Телевизиони Эрон-интернешнл пас аз интишори гузоришҳое аз таҳдидҳо умда фаъолиятҳои худро аз Лондон ба Амрико мунтақил кард.
Дар солҳои ахир чанд маврид аз амалиёти фаромарзии нерӯҳои амниятии Эрон хабарсоз шудааст. Яке аз ҷанҷолтарини онҳо парвандаи Асадуллоҳ Асадӣ, дипломати эронӣ, буд, ки барои тавтеъаи бомбгузорӣ дар гирдиҳамоии Созмони муҷоҳидини халқ ба зиндон афтод.
Асадӣ саранҷом пас аз наздики панҷ сол бо як имдодгари белгиягӣ, ки дар Эрон ба зиндон афтода буд мубодила шуд ва ба Эрон бозгашт.
Гуфта мешавад амалиёти фаромарзии нерӯҳои амниятии Эрон боис шуда, ки баъзе сиёсатмадорони ғарбӣ хоҳони эъломи Сипоҳ ба унвони як Созмони “террористӣ” бошанд. Ин дархост дар баъзе аз таҷаммӯъҳои эътирозии эрониёни хориҷнишин ҳам такрор шудааст.
The Sunday Times: дар гузориши худ ба “ҷузъиёти робитаи наздики” анҷумани исломии донишҷуён ва қонуни тавҳиди Лондон бо ҷумҳурии исломӣ пардохта ва ба таътили чанд моҳ пеши маркази исломии Лондон ишора кардааст.
Ин рӯзнома ҳамчунин ба гузориши ҳафтаи гузаштаи нашрияи яҳудии Joyesh Chronicle ишора карда, ки бар мабнои таҳқиқоте аз ҷаласаҳои онлайнии фармондеҳони Сипоҳ бо донишҷуёни мусулмони сокини Бритониё хабар дод, ки бинобар ба гузориши Joyesh Chronicle дар онҳо изҳороти яҳудситезонае баён шуда ва донишҷуёни сокини Бритониё ба пайвастан ба “ҷанги охируззамонӣ”даъват шудаанд.
The Sunday Times ин сӯҳбатҳои фармондеҳони Сипоҳро аввалин намуна аз “нақшофарини мустақими Сипоҳ дар пропагандаи режим дар Бритониё” тавсиф кардааст.
Пеш аз ин интизор мерафт, ки давлати Бритониё Сипоҳро Созмони террористӣ эълом кунад аммо гузориш шуд, ки вазорати хориҷаи Бритониё бо чунин тасмиме мухолиф аст ва арзёбиаш он аст, ки чунин тасмиме садамаи ҷуброннопазире ба равобити дипломатик хоҳад зад.
Дар январи соли ҷорӣ намояндагони парлумони Бритониё дар як раъйгирӣ аз афзудани номи Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ба феҳристи “созмонҳои террористӣ” Бритониё ҳимоят карданд. Аъзои Маҷлиси авом ба иттифоқи оро ба тарҳе раъй доданд, ки аз давлати Бритониё мехоҳад бо “террористӣ” хондани Сипоҳ, ҳамкорӣ бо ин қудратмандтарин ниҳоди низомии Эрон ва ҳимоят аз онро ҷурми кайфарӣ маҳсуб кунад. Натиҷаи ин райгирӣ барои давлати Бритониё илзомовар нест аммо фишори намояндагони Маҷлис барои террористӣ хондани Сипоҳи Посдорон ҳамзмон бо саркӯбии эътирозҳои Эрон ва афзоиши таниш миёни ду кишвар ташдид кард.
Аз замони оғози эътирозҳое баъд аз кушта шудани Маҳсо Аминӣ дар Эрон, гурӯҳе аз сиёсатмадорон ва намояндагони Маҷлиси Бритониё хоҳони сахтгирии бештар алайҳи ҳукумати Эрон ба вижа Сипоҳи Посдорон ба далели даст доштан дар саркӯби хушунатомези мӯътаризон ва куштани онҳо шудаанд.
Пеш аз ин давлати Амрико дар соли 2019 ва дар давраи раёсатҷумҳурии Дналд Трамп номи Сипоҳро ба феҳристи “созмонҳои террористии хориҷӣ”-и худ изофа карда буд. Эрон хориҷ кардани Сипоҳ аз ин феҳристро аз ба унвони яке аз шартҳои худ дар музокироти эҳёи Барҷом матраҳ карда буд, аммо давлати Ҷо Байден чунин дархостеро рад кард.