Дар пайи коҳиши тақозои ҷаҳонӣ, воридоту содироти Чин, ҳамсояи абарқудрати Тоҷикистон дар моҳи гузашта ба шиддат коҳиш ёфтааст, ба тавре, ки чашмандози беҳбуди дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳонро таҳдид мекунад.
Оморҳои расмии Чин нишон медиҳад, ки содироти ин кишвар дар моҳи июли соли ҷорӣ нисбат ба соли қабл 14,5 дарсад коҳиш ёфта ва воридот ҳам 12,4 дарсад коҳиш доштааст.
Ин севумин моҳи пайдарпай аст, ки содироти Чин рӯ ба поин доштааст.
Оморҳои додугирифти тиҷорӣ бар нигарониҳо мабнӣ бар коҳиши бештари рушди иқтисодии ин кишвар дар соли ҷорӣ доман мезанад.
Ин арқом ҳамчунин фишор бар Пекинро барои кумак ба беҳбуди иқтисодӣ пас аз даврони ҳамагирии коруно афзоиш медиҳад.
Ин дар ҳоле аст, ки оморҳои се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳокӣ аз рушди сареъи иқтисоди Чин пас аз лағви маҳдудиятҳои сахтгиронаи ҳамагири коруно буд. Ба тавре, ки оморҳои расмӣ тавлиди нохолиси дохилии Чинро дар муқоиса бо муддати мушобеҳ дар соли гузашта, 4,5 дарсад рушд эълом карданд.
Омори ахир, ки поинтарин арқоми содироти Чин аз замони шурӯъи ҳамагирии коруно дар феврали 2020 аст, ҳокӣ аз он аст, ки афзоиши ҳазинаҳои зиндагӣ ва вомҳои гаронтар дар соири нуқоти ҷаҳон боиси коҳиши тақозо барои колоҳои Чин шуда, ва дар натиҷа бар беҳбуди иқтисодии ин кишвар пас аз ҳамагирӣ таъсир гузоштааст.
Мавқеияти Чин ба унвони бузургтарин содиркунанда ва воридкунандаи ҷаҳон ба ин маънӣ аст, ки амалкарди заифи тиҷории ин кишвар эҳтимолан таъсири манфӣ бар иқтисоди ҷаҳон хоҳад гузошт.
Дар дохили Чин ҳам тақозо камтар аз ҳадди интизор будааст, зеро пас аз се соли карантин ва маҳдудиятҳои сахтгирона барои маҳдуд кардани шуйӯъи вируси коруно, фаъолиятҳои иқтисодӣ натавонистааст ба ҳолати аввалияи худ бозгардад.
Арқоми воридоти худи Чин ҳам барои нӯҳумин моҳи пайиҳам коҳиш дошта, ки ҳокӣ аз заъфи тақозои дохилӣ дар кишвар будааст. Ин боис шуда ҳаҷми содироти Тоҷикистон ҳам, ки ба ин кишвар асосан маъодини коркарднакарда содир мекунад, камтар шавад.
Бар хилофи аксари нуқоти ҷаҳон, ба назар мерасад қиматҳо дар Чин рӯ ба коҳиш аст, зеро касбукорҳо ва масрафкунандагон пас аз даврони сиёсати Ковид-сифр тамоюле ба харҷ кардан надоранд ва бо анбошти бузурги коло дар анборҳо рӯ ба рӯ ҳастанд.
Бо ин ҳол, дар ҳоле, ки кишвар бо афзоиши бекории ҷавонон ва буҳрон дар бахши маскан мувоҷеҳ аст, сиёсатгузорон дар Чин то кунун дар баробари ҳар гуна иқдоми асосӣ барои таҳрики иқтисоди кишвар муқовамат кардаанд.
Агарчи раҳбарони Чин ахиран маҷмӯае аз иқдомотро ҷиҳати эҷоди таҳрики иқтисодӣ ба иҷро гузоштанд, аммо коршиносон мегӯянд, ки ин мизони иқдомот кофӣ нест ва арқоми ахир зарурати иқдомоти бештар ва фавриро гӯшзад мекунад.
Иллати аслии коҳиши содироти Чин, рукуди иқтисодӣ дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Аврупо ҳамроҳ бо таварруми боло аст, ки ба тазъифи тақозои байналмилалӣ барои тавлидоти Чин мунҷар шудааст.
Содироти ин кишвар ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико, яке аз бузургтарин воридкунандагони маҳсулоти чинӣ, дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 23,1 дарсад коҳиш ёфтааст.
Мизони воридоти Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз Чин 20,6 дарсад камтар аз соли қабл будааст.
Иттиҳодияи Аврупо ва Чин бар сари тарошаҳо (микрочипҳо) таниш доштаанд, ки мунҷар ба ташдиди контроли давлати Чин бар содироти бархе аз маводи калидии мавриди истифода дар сохти тарошаҳои компютер шудааст.
Маҳдудиятҳои Чин барои контроли вируси коруно яке аз сахтгиронатарин маҳдудиятҳо дар ҷаҳон буд. Дар марти 2022, карантини комил ба муддати ду моҳ дар маркази молии Шанхай, ки ҳудуди 25 миллион нафар дар он сокин ҳастанд, ҷорӣ шуд, ба тавре, ки давлат бастаҳои ғизоеро ба сокиноне, ки иҷозаи хурӯҷ аз хонаро надоштанд, таҳвил медод.