Қимати газу бензин дар Тоҷикистон боло рафт. Таъсири бозори ҷаҳонӣ?
Қимати гази моеъ ва бензин дар як ҳафтаи охир мутаносибан 20 ва 7 дар сад боло рафтааст. Мақомот саббаи онро шарҳ намедиҳанд, аммо зоҳиран он ба болоравии қиматҳо дар бозори ҷаҳонӣ рабт дорад.
Дирӯз 10 август дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи як литр гази моеъ то 4 сомону 80 дирам қимат дошт. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта қабл нархи як литр гази моеъ камтар аз 4 сомонӣ буд. Яъне газ дар як ҳафта беш аз 20 дарсад гаронтар шудааст. Бештари ронандагони тоҷик бинобар арзониаш аз гази моеъ истифода мебаранд.
Қимтаи бензин ҳам давоми ҳафта болотар рафтааст. Аввали моҳи август як литр бензини АИ-92 то 9 сомону 20 дирам арзиш доҳт, ҳоло ба 9 сомону 80 дирам расидааст. Нархи як литр бензини навъи 95 аз 10 сомонӣ убур кардааст.
Мақомот Тоҷикистон сабаби болоравии қимати маводи сӯхтро шарҳ намедиҳанд, аммо зоҳиран он ба болоравии нархи ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣбастагӣ дорад. Дирӯз қимтаи ҳар бушка нафти навъи “Брент” дар бозори ҷаҳонӣ бори аввал аз моҳи апрел аз ҳади 87 доллар убур кард. Гази моеъ ҳам дар бурси Ландан 450 доллар барои ҳазор куб нархгузорӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки моҳи июн қимати миёнаи газ 323 долларро ташкил дода буд.
Бар асоси гузориши нави барномаи озуқаи СММ, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳои Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, нархҳои миёнаи сӯзишворӣ аз ҷумла бензин ва гази моеъ дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта то 12 дарсад боло рафтааст.
Афзоиши қимати сӯзишворӣ таъсири худро ба дигар бахшҳо, аз қабили нархи маҳсулоти ниёзи аввалия мегузорад. Ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи а ввали соли равон ба кишвар беш аз 450 ҳазор тонна маҳслоти нафтӣ ворид гардидааст. Маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.