Мақоми Толибон: барои бастани макотиби духтарон далел дорем, аммо ба мардум намегӯем
Муовини вазорати иттилооту фарҳанги Толибон мегӯяд, ки ҳанӯз “шароити шаръӣ”-и омӯзиши занону духтарон дар Афғонистон фароҳам нест.
Юнус Рашид дар суханоне гуфт, ки мақомоти Толибон дар ин маврид далоиле назди худ доранд аммо лозим намебинанд, ки ба мардум ва расонаҳо бигӯянд.
Ӯ гуфт, ки танҳо ба таври хусусӣ дар бораи далоили мамнуъияти омӯзиши занону духтарон сӯҳбат метавонанд. Пас аз гузашти ду сол аз баста мондан макотиб ва донишгоҳҳо ба рӯйи духтарону занон, Рашид муддаӣ шуд, ки ин мамнуъият барои як “муддати маҳдуд” аст.
Афғонистон танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки ҷилави омӯзиши занону духтарон дар он гирифта шудааст. Толибон мамнуъияти омӯзиши занонро зери номи шариат идома додаанд.
Юнус Рашид рӯзи сешанбе дар миёни донишҷуён донишгоҳи Пактиё сӯҳбат мекард. Ў гуфт, ки донишҷуён борҳо дар бораи баста мондани макотиб ва донишгоҳҳо ба рӯйи занону духтарон аз ӯ савол кардаанд. Аммо таъкид кард Толибон моил нестанд ба таври сареҳ дар мавриди далоили баста мондани макотиб сӯҳбат кунанд.
Ӯ тавзеҳ надод, ки чаро мақомоти Толибон аз ташреҳи дидгоҳҳои худ дар бораи омӯзиши занон худдорӣ мекунанд. Пеш аз ин вазири таҳсилоти олии Толибон дар тавҷеҳи баста шудани донишгоҳҳо ба рӯйи духтарон гуфта буд, ки донишомӯзони духтар муқаррароти Толибон дар мавриди либос ва тафкики ҷинсиятиро муроот намекарданд.