Рубрики Хабарҳо

Эрлинг Ҳоланн беҳтарин бозикуни соли 2023-и УЕФА шуд

Эрлинг Ҳоланн ситораи норвегии “Манчестер Сити”, болотар аз Лионел Месси ва Кэвин Ди Брейне, ба унвони беҳтарин бозикуни соли 2023-и УЕФА интихоб шуд. Маросими беҳтаринҳои УЕФА, имшаб дар ҳошияи қуръакашии Лиги қаҳрамонони футболи Аврупо, дар шаҳри Монако баргузор шуд ва Ҳоланн ба нахустин ҷоизаи он даст ёфт. 

Ҳоланн дар фасли гузашта беҳтарини голзани футболи Аврупо буд ва бо “Манчестер Сити”, ба мақоми қаҳрамони Лиги қаҳрамонон расид. Ҷоизаҳои аввали Лиги бартар ва Ҷоми ҳазфии Англистонро низ болои сар бурд ва 52 гол дар 53 бозии расмӣ ба самар расонд. 

Ӯ бо дувоздаҳ гол дар Лиги қаҳрамонони ва бо 36 гол, ки дар Лиги бартари футболи Англистон рекорд зад ва кафши тилоии ин Лиги мӯътабарро ба худаш ихтисос дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *