Рубрики Хабарҳо

Шаурмафурӯшони тоҷик дар Курск ба заҳролудкунии 22 нафар муттаҳам шуданд

Чаҳор зодаи Тоҷикистон дар вилояти Курски Русия ба заҳролудкунии беш аз 20 нафар муттаҳам мешаванд. Яке аз заҳролудшудаҳо ҷон дода ва беш аз даҳ нафар бистариянд. Ин чаҳор нафар тоҷикистонӣ, ки узви як хонаводагуфта мешаванд, дар боздошт қарор доранд.

Хадамоти матбуотии низоми додгоҳии вилояти Курски Русия , чаҳор зодаи Тоҷикистон бо моддаи 238-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, ки боиси марги инсон аз беэҳтиётӣ шудааст) ба додгоҳ кашида шудаанд.

Нисбати се нафари — молики фурӯшгоҳи “Шаурма на Гагарина” Мансуршоҳ Фаёзови 50-сола, бародарзодааш Шаҳриёр Фаёзови 23-сола, ки ба ҳайси ошпаз кор мекард, инчунин модари ин ҷавон Дилбар Сангова, ки низ шаурма тайёр мекард чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси хонагӣ ба муҳлати 2 моҳ таъйин карда шудааст.

Парвиз Алимардонзода, ошпази 21-сола, ки муҳлати сабти номи муваққатиаш рӯзи 17 сентябр ба итмом мерасад, барои 1 моҳу 29 рӯз ба ҳасб гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки ин зодагони Тоҷикистонро рӯзи ҷумъа кормандони Кумитаи тафтишот дар чаҳорчӯби таҳқиқи заҳролудшавии оммавӣ дар ноҳияи Лгов боздошт карданд. Ба иттилои Вазорати тандурустии вилояти Курск, 22 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдаку наврас барои кӯмак муроҷиат кардаанд. Яке аз шахсони заҳролудшуда, духтари 23-сола фавтидааст.

Ҳамакнун, ба зодагони Тоҷикистон мутобиқи иттиҳоми эълоншуда, ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад ҳазор рубл ё кори маҷбурӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то шаш сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад ҳазор рубл ҷазо таҳдид мекунад.

Зикр мегардад, ки нуқтаи фурӯши “Шаурма на Гагарина” тақрибан 6 сол инҷониб фаъолият дошт ва яке аз маъмултарин дар шаҳр ба шумор мерафт. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки дар онҷо шаурмаи ҳама хуштаъм тайёр мекарданд.

Заҳролудшавӣ аз шаурма дар Русия дар авохир зиёд иттифоқ меафтад. Дар пайи он дар Думаи давлатӣ нақша доранд, ки стандарти шаурмаро баррасӣ кунад. Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа масъулини Роспотребнадзор, Вазорати тандурустӣ ва коршиносони дахлдор ширкат хоҳанд кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *