Рубрики Хабарҳо

Укроин: платформаҳои нафту газро дар наздикии Крим аз Русия пас гирифтем

Созмони иттилооти низомии Укроин эълом кард, ки нерӯҳои Киев платформаҳои ҳаффори маъруф ба “платформаҳои Байко”-ро дар як амалиёти уникалӣ аз ишғоли Русия озод кардаанд. Ин иддао ҳанӯз тавассути Русия таъйид нашудааст. 

Мақомоти иттилоотии Укроин эълом карданд, ки нерӯҳои вижаи ин кишвар чандин платформи ҳаффори нафту газро дар наздикии Крим аз Русия пас гирифтаанд. Ин платформҳо пас аз ишғоли шибҳиҷазираи Крим ба дасти нерӯҳои Русия, ба тасарруфи Маскав даромад ва аз он замон, Маскав аз ин плаформҳо барои аҳдофи низомӣ истифода мекардааст. 

Бо ин ҳол, Русия ҳанӯз нисбат ба ин сӯҳбатҳо вокунише нишон надодааст ва наметавон ба таври мустақил иддаои Укроинро таъйид кард.

Созмони иттилооти низомии Укроин дар видеое, ки дар канали телеграми худ мунташир карда, мегӯяд бозпасгирии контроли платформҳои “Байко” барои Укроин аз аҳамияти роҳбурдӣ бархурдор аст ва дар натиҷа, Русия тавоноии истифода аз онҳоро бо аҳдофи низомӣ аз даст додааст. 

Дар баёнияи Созмони иттилооти низомии Укроин омадааст: “Русия аз тавоноии контроли комили обҳои баҳри Сиёҳ маҳрум шуда ва ин боис мешавад Укроин ба бозпасгирии Крим наздиктар шавад.”

Ба гуфтаи Созмони иттилооти низомии Укроин дар тӯли ин амалиёт, даргирӣ миёни нерӯҳои вижаи Укроин ва як ҷети русӣ рӯй дода ва дар ниҳоият ҷети русӣ осеб дида ва маҷбӯр ба ақибнишинӣ шудааст. 

Ба гуфтаи онҳо, Укроин ҳамчунин “ғаниматҳои арзишманд”-и дигаре аз ҷумла муҳиммоти чархбол ва як системи радарӣ, ки метавонад ҳаракати киштиҳо дар баҳри Сиёҳро радёбӣ кунад, ба даст овардааст. 

Қабл аз ин ки Русия шибҳиҷазираи Кримро тасарруф кунад, Укроин бахши қобили таваҷҷуҳе аз гази табиии худро аз баҳри Сиёҳ истихроҷ мекард. Ин майдон, на танҳо гази Крим балки гази манотиқи аслии Укроинро ҳам таъмин мекард. 

Укроин рӯзи душанбе эълом кард, ки нерӯҳояш дар ҳафтаи гузашта тайи ҳамалоти мутақобили худ алайҳи нерӯҳои Русия, қаламравҳои бештареро дар ҷабҳаи шарқӣ ва ҷанубӣ бозпас гирифтаанд. 

Анна Маляр, муовини вазири дифоъи Укроин дар изҳороти гуфт, ки Укроин наздик ба ду километри мураббаъ аз заминҳои атрофи шаҳри Баҳмути шарқиро дар моҳи май пас аз муддатҳои даргирии шадид пас гирифтааст. 

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки артиши Укроин дар ҳафтаи гузашта 4.8 километри мураббаъ аз бахши ҷанубии ноҳияи Таврияро ҳам пас гирифтааст. 

Маляр идома додааст, ки нерӯҳои укроинӣ бахше аз рустои Опитан дар ҷанубу шарқии шаҳри Авдеевкаро ба тасарруфи худ даровардаанд ва дар наздикии рустои Новомайорск дар шарқи Донетск “муваффақияти ҷузъӣ” доштаанд. 

Ӯ ҳамчунин аз “муваффақиятҳое” дар наздикии рустои Андрейко ва Кличко дар ҷануби Баҳмут хабар додааст. 

Ба гуфтаи муовини вазири дифоъи Укроин нерӯҳои ин кишвар аз замони шурӯъи зиддиҳамла дар авоили моҳи июн ҳудуди 49 километри мураббаъ дар наздикии Баҳмутро ба контроли худ даровардаанд. Дар самти Таврия беш аз 256 километр мураббаъ бозпас гирифта шудааст. 

Иддаоҳои Маляр ба таври мустақил қобили таъйид нест. Русия бархе аз гузоришҳои ахир дар мавриди пешравии нерӯҳои укроиниро рад кардааст. 

Дар ҳамин ҳол Дмитрий Кулебо, вазири хориҷаи Укроин гуфт, ки ӯ дар бораи таҷҳизоти дифоъи ҳавоӣ бо ҳамтои олмонии худ дар Киев сӯҳбат карда ва гуфта, ки Укроин барои итминон аз содироти ғалла ба системҳои бештаре барои муҳофизат аз бандари худ дар баробари ҳамалоти ҳавоии Русия ниёз дорад. 

Кулебо ҳамчунин аз Берлин хостааст ҳарчи сареътар мушакҳои “Таурус”-ро ба Укроин ирсол кунанд. Ў дар конфронси хабарӣ дар Киев гуфт: “ба ҳар ҳол ин кор бояд анҷом шавад, фақат масъала замон аст ва ман намефаҳмам, ки чаро замонро талаф мекунем.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *