Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифин дар хориҷ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро бузургтарин таҳдид ба истиқлолияти кишвар ва амнияти он дар ҳама самтҳо хонд. Ӯ гуфт, ба рағми ин ки диктотури кишвар ва мақомоташ мекӯшанд истиқлолияти Тоҷикистонро ҳам ба ӯ рабт диҳанд, Раҳмон ҳамон гуна, ки аз аввал дар ҷабҳаи зидди истиқлолият буд, боқӣ мемонад.
Дар паёми табрикотиаш ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, раҳбари ПМТ гуфт набояд ҷомеъа иҷоза диҳад як гурӯҳ, ки аз аввал на танҳо зидди истиқлол буданд, балки силоҳ дар даст алайҳи он мубориза бурданд, истиқлоли кишварро танҳо ба худ нисбат дода ва онро моли худ кунанд. Аз ин рӯ, дар посух ба ин суол, ки оё дар ҳоле, ки ситиқлоли Тоҷикистон комил нетс ва ба дасти як гурӯҳ монополия шудааст мешавад ҳамдигарро ба он табри гуфт, Кабирӣ таъкид кард табрик кардани ҳамдигар на танҳо ҷоиз балки зарурист.
“Истиқлолият, миллат ва кишвар ҳеҷ рабте ба ин гурӯҳ надорад ва мо набояд ба ин хотир, ки як гурӯҳи ғосиб дар сари қудрат ҳастанд, аз табрики ҳамдигар ба ҷашни Истиқлолият худдорӣ кунем” — гуфт ӯ.
Кабирӣ таъкид кард дар ин рӯз бояд аз онҳое ёд шавад, ки чӣ дар замони Шӯравӣ ва чӣ қабл аз он барои истиқлолияти миллату кишвар мубориза крада ва ҷон бохтаанд ва ё дар зиндонҳо қарор доранд.
Ӯ ҳамчунин аз кӯшиши маҳдудкунии нақши афрод дар муборизаҳои истиқлолхоҳӣ аз тарафи бархе гурӯҳҳо ва нисбат додани он ба гурӯҳ, қишр ва минтақаи хеш изҳори нигаронӣ кард ва гуфт ин кор ба ҳеҷ ваҷҳ ба манфиати миллат нест ва таҳкими истиқлолият хидмат нахоҳад кард, баръакс ҳамон аткрори иштибоҳ ва ҷинояти ҳукуматдорони имрӯза аст.
Раҳбари ПМТ гуфт Раҳмон дар ҳоле шиорҳои истиқлолхоҳӣ, миллатдӯстӣ ва ғайраро монополияи худ кардааст, аз аввал дар ҷабҳаи зидии истиқлол қарор дошт “ба гуфти дӯсташ Лукашенко пулемёт дар даст алайҳи истиқлоли кишвар ҷангид ва бо силоҳу артиши бегона ба пойтахти кишвараш ҳамла кард”. Ва аз миллат даъват кард ин шиорҳоро аз дасти ин гурӯҳи ғосиб бигиранд.
Шакли пурраи баромади Муҳиддин Кабириро метавонед бо нохун задан ба ин линк тамомшо кунед: