Мишел Сидерс, муовини роҳбари намояндагии САҲА дар Амрико ба роҳбари Шӯрои доимии САҲА дар Вена, дирӯз 12 апрел, бо нигаронӣ ҷиҳати дароз кардани мӯҳлати боздошти рӯзноманигори тоҷик Хайрулло Мирсаидов, нома ирсол намудааст.
Дар ин гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз дароз шудани мӯҳлати боздошти рӯзноманигори тоҷик Хайрулло Мирсаидов, ки санаи 5 апрел суръат гирифт, нигарон мебошад.
Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов, ки моҳи декабри соли гузашта боздошт шуд, ӯро мақомоти Тоҷикистон бо ҷурми “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ”, «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, «сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ» ва “дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ» муттаҳам эълон кардааст.
“Хусусияти айбдоркуниҳо ва мӯҳлатҳои тӯлонии ҳабс дар Тоҷикистон боиси ташвиши он мешаванд, ки мақомоти давлатӣ зидди Масаидов Хайрулло маҳз ба хотири фаъолияти касбияш фишороварӣ мекунанд”,- омадааст дар нома.
Мишел Сидерс
Мишел Сидерс мегӯяд, ин ҳабс намунаи афзоиши фишор ба озодии матбуот дар Тоҷикистон мебошад, ки як қатор рӯзноманигорон маҷбур шудаанд, то кишварро тарк кунанд. Ҳамчунин фишори мақомоти Тоҷикистон ба баста шудани якчанд нашрияҳои мустақили васоити ахбори омма оварда расонидааст.
“Мо аз мақомоти Тоҷикистон бояд талаб кунем, ки ба ӯҳдадориҳояш дар САҲА дар бораи озодии баён, аз ҷумла барои воситаҳои ахбори омма ва ӯҳдадориҳо дар Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар (UDHR) ва ӯҳдадориҳо дар доираи Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ICCPR) устувор бошад”. — таъкид кардааст Мишел Сидерс
Ӯ афзудааст, мо бо таври ҷиддӣ аз Тоҷикистон талаб мекунем, ки мурофиаи судии Хайрулло Мирсаидовро саривақт ва мувофиқи ӯҳдадориҳо дар доираи Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ICCPR) таъмин намояд. Ҳамчунин шароити ҳимояи ҳуқуқ дар мурофиаҳо ва таъмини ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар бораи озодии баён, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма пурра иҷро карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Олим Зоҳидзода, барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.
Баъдан Мирсаидовро барои сӯҳбат ба додситонӣ даъват ва дастгир карданд. Ӯ то ба ҳол дар боздошгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.