Рубрики Хабарҳо

Қитъаи шоҳроҳи Душанбе Бохтар боз шуд; Оё пулакӣ мешавад?

Яке аз муҳимтарин қитъаҳои шоҳроҳи Марказ-Ҷануб ё Душанбе — Бохтар боз шуд. Тибқи маркази матбуоти Вазорати нақлиёт, ин қитъаи роҳи мошингарди Қизилқалъа — Бохтар, ки яке аз қитъаҳои калидии шоҳроҳи байниминтақавии Душанбе — Бохтар маҳсуб мешавад, охири ҳафтаи гузашта ба истифода дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маросими ифтитоҳи ин қитъаи роҳ на раисҷумҳур, ки ҳатто бунгоҳҳои тиббиву синфхонаҳо бе ҳузури ӯ боз намешаванд, балки вазири нақлиёт Азим Иброҳим ширкат кардааст. Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA)  Акихико Танака ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики аз ширкаткунандагони маросим будаанд.

Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ тасреҳ карда, ки корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар” моҳи июни соли 2021 оғоз ёфтанд. Ин дар ҳолест, ки Ҷопон чаҳор сол қабл, моҳи майи соли 2019 барои ин сохтмон 3,2 млрд йени ҷопонӣ, ки ба тақрибан 31 млн доллари амрикоӣ баробар аст,  ҷудо карда буд.Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти ҶТ, машваратчӣ ширкати ҷопонии “CTI Engineering international, Co., Ltd.” ва пудратчии асосӣ ширкати ҷопонии “Dai  Nippon Construction” мебошанд.

Ҳанӯз аввали соли 2019, ки сохтмони роҳ тоза шурӯъ мешуд, мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки қасд доранд шоҳроҳи Душанбе-Бохтарро низ пулакӣ кунанд.   

​Сӯҳроб Мирзоев, муовини аввали ҳамонвақтаи вазири нақлиёт, гуфта буд “қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ин ки роҳҳои радаи аввал бояд пулакӣ шаванд содир шудааст. Мо болои он кор карда истодаем ва хулосаи худро ба ҳукмат пешниҳод мекунем. Эҳтимолан то охири сол, пас аз анҷоми таъмиру бозсозии роҳ, он пулакӣ шавад”.

Худоёр Худоёрзода, вазири онвақтаи нақлиёти Тоҷикистон низ, ки  дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфта буд “таҷрибаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ собит кард, ки аз пулакӣ шудани ин роҳи стратегӣ тамоми кишвар фоида гирифт”.

Вокуниши тунд дар расонаҳо ва зоҳиран ба таъхир афтодани сохтмони роҳ мақомотро аз гуфтугӯҳо дар бораи пулакӣ кардани ин роҳ мунсариф карда буд, вале имкон дорад баробари мавриди истифода қарор гирифтани роҳ, мақомот дубора ба ин масъала баргарданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *