Ҳамагон орзу мекунанд, ки дар ягон ҷазираи сарсабзу биҳиштосо, дар лаби баҳр истироҳат кунанд. Аммо ҷазираҳои сарсабз на ҳама вақт бехавфанд, агарчанде дар соҳили уқёнусанду сарсабзу пур аз мавзеъҳои афсонавӣ менамоянд. Ба самъи шумо дар бораи як қатор ҷазираҳое маълумот гирд овардаем, ки агар танҳобошеду гӯш кунед, ҳатто як қадар ҳарос ҳам фаро мегирад.
Дар наздикии соҳили ғарбии баҳри Арал як ҷазираи хурд мавҷуд буда, дар забони қазоқӣ, номи он Барса-Келмес аст, ки маънои “равӣ барнамегардӣ”-ро дорад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳеҷ чизи махсусе надорад. Ҳикояҳо ҳастанд, ки одамоне, ки ба ин ҷазира ташриф овардаанд, ба як эҳсоси ваҳмангезе дучор мешаванд ва ҷиҳози худро партофта, аз он ҷо гурехта мераванд. Аммо вақте ки онҳо ба зодгоҳи худ баргаштанд, мефаҳмиданд, ки аз сафари ҷазира вақти зиёде гузаштааст. Баъзан ин ҳафтаҳо ва баъзан солҳо ҳам буда метавонист. Дар худи ҷазира гӯё ягон рӯз буданд, ё набуданд, аммо аз гузаштани ин ҳама фурсат бехабар мемонданд.
Дар баҳри Арал боз як ҷазирае ҳаст, ки номашро Ҷазираи Эҳё гузоштаанд. Беҳтараш ба он ҷо рафтанро орзу ҳам накунед, ҳарчанд, ки аз маънои номаш дар назаратон хеле зебо менамояд. Соли 1948 Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷо озмоишгоҳи силоҳҳои биологиро таъсис дода буд. Ба сифати маводи санҷишӣ патогенҳои вабо, оспа, сӯхтанӣ ( сибирская язва), туляремия ва вируси бисёр дигарбемориҳои хавфноки сироятӣ истифода мешуданд.
Ҷазираи «Кеймада Гранде» дар наздикии соҳили Бразилия, дар ҷануби Сан-Паулу ҷойгир аст. Ва гарчанде ки шумо метавонед ин роҳро дар тӯли ним соат тай кунед, аммо то ҳол ҳеҷ нафаре, ки чунин амали «қаҳрамонона» содир кардааст, пайдо намешавад. Ин ҳама ҳарос аз он сабаб ба амал омадааст, ки дар ин ҷо хатарноктарин морҳои найза зиндагӣ мекунанд, ки заҳри онҳо ба зудӣ марги бофтаҳоро ба вуҷуд меорад. Аммо қаблан ин ҷо банан парвариш мекарданд, шоядаз вуҷуди моронаш бехабар буданд.
Ин макони тимсоҳҳо, ки бо номи ҷазираи «Рамри» дар наздикии соҳили Бирма машҳур аст, дигар аз қадами одамон маҳрум шудааст. Дар соли 1945 садҳо сарбози ҷопонӣ дар ботлоқи ин ҷазира ҷон бохтанд. Гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳоро тимсоҳҳо зинда ба зинда фурӯ бурдаанд. На нишонаи пояфзолашон монду на либоси танашон.
Ҷазираи Гринард бошад ин хел бузургҷуссаҳои дандондор надорад. Балки бактерияҳои хатарнок пур шудаанд, ки танҳо тавассути микроскоп дида мешаванд. Ва баъди шинохтани яке аз онҳо кофӣ аст, ки ба ҷазираи «Грейнард», Шотландия тааллуқ дорад, дар ҳазар бошед. Дар ин ҷо, дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, силоҳи биологӣ озмоиш карда шуд, ки механизми фаъоли он спораҳои сибирская язва буд. Ҳамон спораҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он метарсид. Ва гарчанде ки аз санҷишҳо гузаронида шуда бошад ҳам, ҷазира беодам боқӣ мондааст.
Ҷазираи «Фараллан» дар наздикии шаҳри Сан-Франсискои ИМА ҷойгир аст. Дар ин ҷо, аз соли 1946 то 1970, аз ҷумла, даҳҳо тонна партовҳои радиоактивии саноати ҳастаӣ партофта шуданд. Ба гуфтаи коршиносон, сатҳи хатари радиоактивӣ дар ин ҷо аз сатҳи Чернобил тақрибан якуним маротиба зиёдтар аст.
Ҷазираи Сабо дар баҳри Кариб ҷойгир аст. Сарфи назар аз зебоии зоҳирии ин ҷазира, дар ин ҷо бодҳои қудраташон харобиовар ҳукмронӣ мекунанд. Дар тӯли 150 соли охир ягон ҷазира дар ин минтақа ба чунин вандализми харобиовари шамол дучор наомада аст. Шамоли ин ҷо гӯё ҷазираро бардошта мезада бошад.
Ҷазираи «Повеглия» воқеъ дар лагуни Венетсия аст. Дар замони шукуфоии Империяи Рим, вақте ки тамоми Аврупо аз вабо ба ҳарос афтода буд, ин ҷазира ҷое буд, ки беморон бурда мешуданд. Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, дар ҷазира беш аз 160 ҳазор нафар фавтидаанд.
Ҷазираи Миакежима, ба кишвари Ҷопон тааллуқ дорад. Барои боздид аз он, шумо бояд противогаз бипӯшед. Дар ҷазира як вулқони фаъол мавҷуд аст, ки доимо миқдори зиёди газҳои сулфурро хориҷ мекунад. Дар ин ҷазира бе ниқоби зиддигаз будан хеле хавфнок аст.
Соима Саидӣ