Сардухтури бахши кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон (беморхонаи Қараболо) баъди гирифторӣ ба вируси коруно бистарӣ гашта, вазъи саломатиаш вахим арзёбӣ мешавад.
Султонов Шералӣ, сардухтури корпуси 9-уми ё бахши кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ки ба табобати гирифторони COVID-19 машғул буд, худ гирифтори ин беморӣ ва бистарӣ шудааст. Манбаъи Паём гуфт ҳолати Султонов вазнини миёна буда, тавассути дастгоҳи сунъи нафас мекашад.
Нарасидани либосҳои муҳофизатӣ яке аз аслитарин сабабҳои гирифтории зиёди табибон ба вируси коруно гуфта мешавад. То ҳол дар Тоҷикистон садҳо табиб ба COVID-19 гирифтор шуда, на кам аз 34 нафари онҳо ҷони худро аз даст додаанд.
Расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз фурӯши саросарии кӯмакҳои башардӯстона, аз ҷумла либосҳои муҳофизатӣ ҳарф мезананд.
Сообщение ПАЁМ.net.