Туркманистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона баста мондани роҳи оҳанашро то аввали ноябр тамдид кард .
Таваққуфи ҳаракати қаторҳо дар Туркманистон ки аз 16 июл иҷро шуда буд то аввали ноябр ҳамчунон идома хлҳад дошт.
Ҳамчунин давлати Ишқобод бо иҷрои маҳдудиятҳои муваққати дигаре ба муқобила бо густариши корона рафтааст .
Дар ин кишвар парвозҳои хориҷӣ, ҳаракати автобусҳои байни шаҳрӣ, фаъолияти масҷидҳо, марокизи пазироӣ ва бозорҳои тиҷорӣ низ то иттилоъи баъдӣ таътил шуда ё бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ аст .
Ин дар ҳоле аст, ки бино бар омори расмӣ, давлати Туркманистон муддаӣ аст то кунун ҳеч мавриде аз ибтило ба вируси корона дар ин кишвар мушоҳида нашуда ва Ишқобод ин иқдомотро барои ҷилавгирӣ аз интишори ин беморӣ дар дастури кор қарор додааст.